Чиркинтарин одами ҷаҳон дар 94-солагӣ вафот кард. Дар ин бора хабаргузории ИРНА хабар медиҳад. Бино ба иттилоиманбаъ, ин мард маъруф бо номи Ому Ҳоҷӣ тӯли 60 сол бо об ва собун худашро шустушӯ накарда буд ва пас аз як моҳи шустушӯ аз олам даргузашт.
Гуфта мешавад, Ому Ҳоҷӣ бинобар сабаби тарс доштан аз гирифторшавӣ ба беморӣ шустушӯ намекард. Ӯ дар як кулбаи хурдакаки семент блокӣ дар деҳаи Дейгаи Эрон зиндагӣ мекард, партовҳои аз роҳ ҷамъкардаашро мехӯрд ва дар як ҷойипур аз хоку лой мехобид.Сокинони деҳа мегӯянд, ки Ому Ҳоҷӣ дар ҷавонӣ дучори мушкили равонӣ шудааст, ки дар 60 соли минбаъда аз шустушӯ даст кашидааст.