Formula novemver 2024
Чинҳои пешонӣ нишонаи пириянд?
1791

Чинҳои пешонӣ ду намуд мешаванд: якеаш дар шакли хатҳои амудӣ байни абрӯвон ва дигараш мисли хати уфуқӣ аз мӯйҳои пешонӣ поёнтар пайдо мешавад.

Бо рафтани синну сол, чандирии пӯст камтар ва мушакҳо заиф гашта, боиси пайдо шудани ожангҳо мегардад. Чинҳои пешонӣ бо сабабҳои экологӣ, таъсири нури офтоб, ғизои нодуруст ва ҳаёти носолим низ ба вуҷуд меоянд. Чинҳои пешонӣ дар одамони эҳсосӣ тезтар пайдо мешаванд. Ҳаракатҳои муайяни пешонӣ боиси пайдошавии ин хатҳои нозеб мегарданд.

Пешонӣ аз чинҳо пур шуд, акнун чӣ бояд кард?

Ҳангоми гуфтор ба мимикаи худ диққат диҳед, абрӯ чин накунед, қавоқ нагиронед. Дар фасли тобистон аз малҳами аз офтоб ҳифзкунанда истифода бурдан аз манфиат холӣ нест. Гуфтагӣ барин, дар рӯзҳои офтобӣ ҳатман айнак пӯшед!

Зебо, солим ва ҷавон

Ҷавону зебо мондан хоҳед, пӯсти рӯятонро дуруст нигоҳубин намоед. Воситаҳои косметикиро мувофиқи синну солатон интихоб кунед. Ҳатман ҳар субҳ рӯятонро тоза шуста, малҳами рӯзонаи ҳифзкунанда молед ва шабона молидани малҳамҳои нармкунанда ва ғизобахшро фаромӯш накунед. Бештар аз малҳамҳое истифода баред, ки дар таркибашон коллаген ва ҷавҳари гиалурон дошта бошанд. Метавонед ҳамчунин ниқобҳои косметикии поккунанда, ғизобахш ва боиси пӯст партофтани рӯй мегаштаро ба кор баред.

Ниқоби ширию картошкагӣ

Ретсептҳои тибби халқиро, ки бар зидди ожанги рӯй ҳастанд, истифода бурда, шумо метавонед бо роҳи хеле осон ҷавониатонро нигоҳ доред. Яке аз давоҳо барои ҷавонию солимии пӯст картошкаи бо шир омехташуда мебошад. Ниқоби мазкур мушакҳои пӯсти рӯйро қавӣ месозад. Картошкаро бо пӯсташ дар об пухта кӯбед. Ба картошка як қошуқча равғани зайтун ё глитсерин, шир ё қаймоқ (сметана) илова карда, малҳамро ба рӯятон моледу маҳс кунед. Ниқобро боз ба рӯятон молида, бо обчинак (салфетка) пӯшонеду 20 дақиқа мунтазир шавед.

Малҳам –мушкоби асалӣ

Барои малҳам 1 қошуқча асал ва 100 мл саршир (сливки) лозим аст. Асалу сарширро то яклухт шуданаш омезеду як қошуқ шарбати лимӯ ва як қошуқ оби муқаррарӣ илова кунед. Малҳам –мушкобро бегоҳ барои пок кардани пӯстатон ба рӯй молед.

Гимнастикаи зидди ожанг

Дар болои миз назди оина нишаста, оринҷатонро болои миз гузоред. Болиштаки ангуштонатонро дар пешонӣ қад-қади хати мӯйҳоятон гузоред. Пӯстатонро эҳтиётона боло кашида каме нигоҳ доред. Андаке пӯстро фишор диҳед. Дар баробари ин, чашмонатонро пӯшеду пӯсти пешониро поён кашед. Пӯсти пешониро дар ҳамин ҳолат нигоҳ доштаистода то се шумореду оҳиста сар диҳед. Пас аз ин озодона нафас кашида, асабҳоятонро ором намоед.

Машқи 2. Барои мушакҳои болои пешонӣ ва поёни он
Чашмонатонро калон кушоед. Абрӯвонатонро баланд бардоред. Машқро 10-12 бор иҷро намуда, суръатро тезонед.

Машқи 3. Ангуштони ҳарду дастонатонро ба пешонӣ расонида, пӯсти пешониро ба поён кашед. Дар ҳамин ҳолат бо ёрии мушакҳои болои пешонӣ абрӯвонатонро боло бардоред. Машқро 5-6 маротиба иҷро намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД