Ин рӯзҳо аҳли эҷоди Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ хеле серташвишанд. Дар ин театр намоишномаи наве бо унвони “Пораабри сафеди Чингизхон” ба саҳна гузошта шуда истодааст.
Намоишнома аз рӯйи қиссаи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов - “Пораабри сафеди Чингизхон” дар тарҷумаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим таҳия шудааст. Намоишномаи мазкурро саркоргардони театр Султон Усмонов ба саҳна гузоштаааст.
Нақшҳои асосиро дар ин намоишнома Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Исфандиёр Ғуломов, ҳунармандон Салоҳиддин Шукуров, Гулмира Аҳрорзод ва дигарон меофаранд.
Аз идора: Гузорини видеориро аз ҷарани тамрини ҳунармандон ва моҳияти намоишнома дар барномаи "Инстафейс" дар Ютюб, Фейсбук ва Инстаграмми сомона интизор бошед.