Formula novemver 2024
Чин TikTok-ро ба Илон Маск мефурӯшад
223

Мансабдорони Чин тасмим доранд, ки TikTok-ро ба Илон Маск фурӯшанд. Тибқи хабарҳои дар расонаҳои чинӣ паҳнгашта дар сурати манъ шудани истифодаи TikTok дар Амрико онро ба Илон Маск мефурӯшанд.

Айни замон додгоҳи олии ИМА қонуни наверо баррасӣ намуда истодааст, ки тибқи он ширкати чинии ByteDance пас аз 19-уми январи соли 2025 бояд фаъолияти TikTok-ро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қатъ намояд. Дар сурати қабул шудани қонуни мазкур аз ҷониби суд пас аз 19-уми январ ширкатҳое, ки хизматрасониҳои интернетиро пешниҳод менамоянд, барои дастгирӣ ва таъмини интернет баҳри фаъолияти TikTok дар ИМА ҷарима баста мешаванд.

Албатта ҷониби Чин мехоҳанд, ки TikTok моликияти ширкати ByteDance бимонад ва барои ин бо намояндагони ҳукумати Трамп гуфташунидҳо анҷом доданиянд, вале дар сурати манъ шудани фаъолияташ тасмим доранд, ки TikTok-ро ба Илон Маск фурӯшанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД