Падарбузургамон бемор шуд. Тавсия доданд, ки чилёсин бихонем. Вале як нафар аз хешовандон мегӯяд, ки дар як вақт ба шахси бемор чанд нафар оят бихонад гуноҳ аст. Оё мумкин аст, ки ба шахси бемор дар як вақт зиёда аз як қорӣ руқия бихонад?
Савриддин, ш. Исфара
Такрор намудани қироат ба бемор ва қироат намудани якчанд қорӣ ба як бемор ҳеҷ ишколе надорад. “Қуръон” каломи Аллоҳ аст, ки онро барои он чӣ дар синаҳост, шифое қарор додааст.