Дирӯз, Раҳмоналӣ Шерализода , сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанг бо нашри чанд акс дар фейсбук аз ҳамроҳи муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар ва чанд нафари дигар ба ёдати Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Чиллахон Холов рафтанашон хабар додааст.
“Тавре дӯстон огоҳанд, ин шабу рӯзҳо овозхони маънисарои мо аз беморӣ каме ранҷ мебаранд. Аммо аз дидор ва суҳбати эшон мо бо хотири осуда баргаштем. Чилахон Холов дар ҳар ҳол рӯҳияи қавӣ дорад. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳанӯз 30 суруди тозаи НОНАВИШТА дар кӯлбори эҷодияш дорад. Худованди меҳрубон, ки шифояшро арзонӣ дошт, сурудҳои навамро барои мухлисони ҳунар сабт ва тақдим мекунам”-таассуроташро аз дидор бо ин марди ҳунар баён намуда, навиштааст Раҳмоналӣ Шерализода ва ба Чилахон Холов аз даргоҳи офаридгор шифои оҷилу комил таманно намудааст.
Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз 3-юми марти соли 2022 журналист Сайёфи Мизроб хабар дода буд, ки Чилахон Холовр дар маркази миллии “Шифобахш”(беморхонаи Қарияи Боло), дар бинои рақами 10 ҷарроҳии гурда карданд. Сайёф Чилахон Холовро “ Богурдатарин сарояндаи тоҷик” ном бурда , хабар дода буд, ки рӯзи 4 -уми март ин сарояндаи маҳбуб баъди наркоз дубора ба ҳуш омада,хоҳиш кардааст, ки мухлисонаш дар ҳаққи ӯ дуо кунанд.