“Чеҳраи миллат” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон рӯнамоӣ мешавад
90

Рӯзи панҷшанбе, 13-уми ноябр, соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли адабу фарҳанг, олимон, донишҷӯён ва дӯстдорони каломи бадеъ рӯнамоии китоби «Чеҳраи миллат» баргузор хоҳад гашт.

Китоби мазкур ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти “Адиб” ба табъ расида, аз чор ҷилд иборат мебошад.

Дар ин маҷмӯа осори шоирони халқии Тоҷикистон Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло ва Давлат Сафар гирдоварӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД