Рӯзҳои 10-11-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад. Мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардида, беҳтарин паҳлавонони кишварро аз минтақаҳои гуногун ба ҳам меорад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ҷараёни чемпионат паҳлавонон барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва роҳхат ба мусобиқаҳои байналмилалӣ рақобат хоҳанд кард. Ғолибони мусобиқот ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро арзанда муаррифӣ намоянд.
Ҳамзамон, бо мақсади рушди гӯштингирӣ миёни наврасон ва кашфи истеъдодҳои ҷавон, рӯзҳои 12-13-уми феврал дар ҳамин маҷмааи варзишӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон баргузор мегардад.
Ҳамчунин, аз 10 то 15-уми феврал дар пойтахт Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон (мардон), бахшида ба хотири Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Ҳалимов доир мегардад.