sebiston july new
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол 6-апрел оғоз меёбад
791

 

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими пурраи бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои лигаи олиро тасдиқ ва нашр кард.

Даври якуми мусобиқа рӯзҳои 6-ум ва 7-уми апрел доир гашта, дар рӯзи аввали мусобиқа 6 даста«Хуҷанд»– «Эсхата», «Регар-ТадАЗ» – «Вахш»ва «Барқчӣ» – «Равшан»вориди майдон мешаванд.

Ёдовар мешавем ,ки ин 33-юмин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон буда,дар он ҳамагӣ 12 даста иштирок менамоянд.

Дар доираи чемпионат дар маҷмӯъ 22 бозӣбаргузор хоҳад гашт. Мусобиқа то санаи 10-уми ноябр идома ёфта, дастае, ки дар мавсими соли 2024-и лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меравад ва бошгоҳе, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ мегузаронанд.
Тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои Лигаи Олӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД