Formula september
“Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин” имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад
442

Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин баргузор мегардад. Тавре қаблан хабар дода будем, дар чемпионат зиёда аз 200 нафар варзишгарон аз 63 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.

Паҳлавонон дар 9 вазн - 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.

Тоҷикистонро дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ 18 нафар намояндагӣ мекунанд. Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг, Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов дар вазни 78 кг, Умар Расулов, Ҳақназар Назаров дар вазни 86 кг, Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов дар вазни 95 кг, Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг байни мардҳо ва Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан дар вазни 52 кг, Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг, Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова дар вазни +70 кг дар байни занҳо дар ин мусобиқа қувваозмоӣ менамоянд.

Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра - 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.

Дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷойи аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД