Arzon march 2024
Чашм-оинаи дили мард
1462

 

5 роҳи фаҳмидани хислати мард аз нигоҳаш

Ҳар як духтар ё зан мехоҳад қабл аз издивоҷ хислату шӯи домодшавандаро омӯзад. Равоншиносон мегӯянд, беҳтарин роҳи шинохтаи мард рост ба чашмонаш нигоҳ кардан аст, зеро симои нигоҳи мард бисёр сирру асрори ботинии ӯро кушода метавонад.

Имрӯз мо дар бораи чанд роҳи осони фаҳмидани хислати мардон ба шумо-бонувони азиз маълумот медиҳем.

 1. Шавҳари беҳтарин ҳамонест, ки ҳамеша ба ғаму хурсандии занаш шарик бошад, яъне аз ҳолати равонии занаш доим бохабар гардад. Ба нигоҳи мард диққат диҳед, агар нигоҳи мард чуқур бошад, ин нишонаи хуб буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар зиндагии оилавӣ ин мард ҳамеша такягоҳи устувори шумо хоҳад гашт.

2. Агар мард аз дубора сўятон нигаристан шарм кунад, андеша кунед, чунки ин рафтори мард маънои онро дорад, ки аз муносибатҳои маҳрамона шарм медорад ва дар ин боб хеле заиф аст.

3. Айнак пўшидани мардро дида,дилатонро дур нагиред, ки шояд чашмонаш хуб намебинанд. Марди айнакӣ, агар дӯст дорад, то охир ба аҳдаш устувор мемонад.

4. Дониста бошед, марде, ки ба чашми зан нигоҳ накарда, хушомад мезанад, танҳо мехоҳад бо ин зан вақт гузаронаду халос. Аз чунин мардони ҳавасбоз ҳарчи зудтар гурезед.

5. Рафту мард бо чашмаш бо шумо бозї кунад ё бо нигоҳаш шуморо фурў бурдан хоҳад, донед, ки марди булҳавас буда, шавҳари хуб шуда наметавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД