Ҳамин ҳоло дар шаҳри Душанбе борони пуршиддат борида, тундари сахт зада истодааст.
Тиқби мушоҳидаи мо бо шурӯи боридани борони сахти якбора сокинони пойтахт, ки дар кӯчаҳо бо коре ба ягон самт мерафтанд, якбора дохили биноҳои истиқоматӣ, мағоза ва дорухонаҳо шуданд, зеро шиддати борон сахт буд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ дода буд, ки рӯзҳои 10-11 апрел дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, 10 апрел рӯзона ва 11 апрел шабона дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон борони бошиддат пешгӯӣ шуда, раъду барқ ва жола ба амал меояд.
Тибқи пешгӯиҳо, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳама гуна вазъи обу ҳаво ба Шумо саломатӣ мехоҳем. Ҳамеша бо сомонаи "Оила" бимонед.