Arzon march 2024
Чаро зани язғуломӣ худро бо кӯдакаш ба дарё партофт?
1348

 Солҳои охир даст ба худкушию фарзандкушӣ задани занони тоҷик ба дарди бедавои ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Таассуфовар атс, ки иддае аз бонувони мо ба хушунату зӯроварии хонаводагӣ, ҷабру ситами хусуру хушдоман ва хоҳаршӯю додаршӯй, дузанагию сезанагӣ, арӯсбозию хиёнати шавҳар ва дигар мушкилиҳои зиндагӣ тоб наоварда, натанҳо худ, балки фарзандони ноболиғашонро низ ба марг маҳкум месозанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз сар задани боз як ҳодисаи нохуши худкушӣ ва фарзандкушӣ дар ҷумҳурӣ хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, дар яӯғулом як зани ҷавон худро бо тифли яксолааш ба дарё партофта, худкушӣ намудааст.

“Рӯзи 13-июн, тахминан соатҳои 12:10, дар соҳили дарёи Панҷ, дар рӯ ба рӯи деҳаи Даштаки ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ ҷасади як зани 20-солаи сокини деҳаи Будуни ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷро пайдо карданд. Ин зан ҳанӯз рӯзи 1 июн худро ҳамроҳи писарчаи яксолааш ба дарёи Язгулом партофта, худкушӣ карда буд”-менависад манбаъ.

Сабаби худкушию фарзандкушии ҷавонзан ҳанӯз маълум набуда, ҷустуҷӯи тифлаки яксола идома дорад.

Қаблан нисбат ба дигар манотиқи кишвар ҳодисаҳи худкушӣ дар Бадахшон кам андар кам рӯй медданд, вале дар чанд рӯзи охир ду сокини Бадахшон худро ба дарё партофта, худкушӣ карданд. Баро ба иттилоъи кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як рӯз қаб, аниқтараш рӯзи 12 –уми июн як сокини 55-солаи деҳаи Мидинвиди ҷамоати деҳоти Барбози ноҳияи Роштқалъа худро ба дарёи Шоҳдара андохта буд.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД