Formula novemver 2024
Чаро зани серпул ғазаби мардро меорад?
1831

 

Салом! Ман Шамсия, сокини шащри Душанбе. Дар як ширкати хориҷӣ ба ҳайси тарҷумони забони англисӣ кор мекунам. Маошам хуб аст ва ба пули шавҳарам ниёз надорам. Маоши шавҳарам аз маоши ман қариб се баробар кам аст ва тамоми бори зиндагиро худам мекашам. Мардакам ба ҷойи раҳмат гуфтан мудом ба пулдории ман рашк бурда бо ҳар баҳона ҷанҷол мекунад. Ҳайрон шудаам, ки чӣ кор кунам. Ман то ба кай ҳам пул кор мекунаму ҳам гап мешунавам?

Шамсия, ш. Душанбе

Маслиҳати Оила.ТҶ

Шамсиябону! Сабаби ҷангу ҷанҷолҳои шавҳаратон дар он аст, ки мард худро дар канори зани муваффақ нотавон эҳсос мекунад. Рақобат дар хуни тамоми мардон ҳаст ва вақте мебинад, ки занаш аз ӯ бештар пул кор мекунад, сахт ба ғазаб меояд. Марди боақл бошад, роҳҳои нав ба нави пулкоркуниро меҷӯяд, то аз дармадан аз ҳамсараш бештар гардад, вале иродаи мард заиф бошад, асабонияти худро бо ҷангу ҷанҷол мебарорад ё даст ба занбозию шаробхорӣ зада, шабҳо аз хона гум мешудагӣ мешавад. Таъкид карданием, ки аксари мардоне, ки занашон аз худашон бештар пул кор мекунад ё вазифаи баландтар дорад, барои таскин додани худ маъшуқа меёбанд.

Барои он ки муваффақияти шумо ба решаи бахтатон теша назанад, боақлона амал намоед. Ба гуфтору рафторатон диққат диҳед, чунки ҳатто як гапи ба назари худатон ночиз метавонад чун корд ба дили шавҳаратон халад. Кӯшиш кунед, ки аз ҷойи кор барвақттар омада барои аҳли оилаатон ягон хӯрок ё ширинии бомаза пазед. Дар сари дастурхон ба меҳмонҳое, ки ба хонаатон меоянд, бештар дар бораи дастовардҳои шавҳаратон нақл накунед. Маошатон аз маоши шавҳаратон зиёдтар бошад ҳам, пулдориатонро дар назди худиву бегона намоиш надиҳед. Ба хотири мустаҳкамии оилаатон муҳаббататонро ба шавҳар исбот намоед. Хоҳед, ки шавҳаратон ба шумо эътимод дошта бошад, дӯст доштанатонро на танҳо дар хона, балки дар назди дигарон ҳам нишон диҳед. Чанд қоидаро риоя намуда, шумо муносибати шавҳаратонро нисбат ба худ дигаргун месозед ва соҳиби рӯзгори хушу осоишта мегардед:

1. Ҳангоми харидорӣ намудани либоси нав на аз дугонаву наздикон, балки аз шавҳаратон маслиҳат пурсед.

2. Зуд-зуд хӯрокҳои дӯстдоштаи шавҳаратонро пазед.

3. Дар ҳузури фарзандон ва шахсони бегона бо шавҳаратон баҳсу мунозира накунед.

4. Шавҳаратонро барои ба модар дилбаста буданаш киноя назанед.

5. Ба чизҳои шахсии шавҳаратон, аз ҷумла телефон ва сумкаву китобҳояш бе иҷозати ӯ даст назанед.

6. Фаромӯш накунед, ки зуд-зуд таъриф кардани мард ӯро нерӯ мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД