Oila Navruz
Чаро зани 27-сола худро аз ошёнаи 15-ум партофтан мехост?
3272


Як ҷавонзани 27-солаи тоҷик бо мақсади худкушӣ худро аз ошёнаи 15-уми бинои баландошёна дар кӯчаи Бухорои пойтахт партофтан мехост. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳи фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, як зани 27 -солаи сокини кӯчаи Бухоро 34-и шаҳри Душанбе бо қасди худкушӣ кардан худро аз қабати 15 -уми бинои истиқоматӣ ба замин сарозер карданӣ буд, вале сокинони кӯчаи мазкур ба идораи КҲФ занг зада, аз ин ҳодиса наҷотдиҳандагонро хабардор намуданд.
Вақте ки як гурӯҳ наҷотбахшон бо ҳамроҳии равоншинос ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, аллакай зан дар карнизи бино овезон буд ва касеро ба худаш наздик шудан намемонад. Равоншинос бо ин зан, риштаи ҷонаш дар сари мӯйе овезон буд, музокирот шурӯъ кард ва наҷотбахшон бо воситаи тирезаи дигар гузашта, занро ба даруни хона тела доданд.
Пас аз сӯҳбат маълум гардидааст, ки ҷавнзан ба мушкилоти хонаводаӣ рӯ ба рӯ буда, дар пайи муноқишаи оилавӣ ба ин амал даст задааст. КҲФ мегӯяд, занро пас аз наҷот додан ба мақомоти дахлдор супурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД