Салом. Ман Шукрона, сокини шаҳри Қурғонтеппа, 28- сола ва соҳиби ду фарзанд ҳастам. Шавҳарам мехоҳад боз бачадор шавем, вале шаш соли охир ҳеҷ ҳомиладор нашуда истодаам.
Ба духтур борҳо муроҷиат карда бошам ҳам, иллати ҳомиладор нашуданамро наёфтанд. Мегӯянд, ки ягон айбу нуқсон надорӣ. Сиҳат бошам, чаро ҳомиладор намешавам?
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки бачадор шавам?
Шукрона, аз Қурғонтеппа.
Посухи табиб, Мирзоева Зулфия
Хоҳари азиз, ягон бор андеша накардед, ки иллат метавонад на дар шумо, балки дар ҷуфт, яъне шавҳаратон бошад. Аксари мардон як ё ду фарзанд дошта бошанд, мушт ба сина кӯфта «ман солим ҳастам» гӯён, фахр карда мегарданд, вале бемориҳое ҳастанд, ки ноаён ба кас часпида, нерӯи марди солимро дар муддати кӯтоҳ заиф мегардонанд.
Аз ин хотир, ман ба шумо ва ҳамсаратон маслиҳат медиҳам, ки якҷоя аз ташхис гузаред. Ҳардуятон солим бароед, пайдо нашудани фарзанд дар шумо метавонад ду сабаб дошта бошад. Сабаби аввал хушкии бачадон аст, ки намегузорад нутфа то ба сарманзили мақсуд бирасад. Хушкиии бачадонро ин тавр дармон бахшидан мумкин аст:
Нусха
Шарбати гули бунафша ё шарбати нилуфарро бо гулоб ва шири тоза якҷоя карда бинӯшед ва маҳлабро бо равғани бунафша, равғани тухми каду ё чарбии мурғ чарб намоед. Мағзи сари мурғро бо луоб, яъне шираи биҳӣ ҳамроҳ карда дар маҳлаб бимоланд, зан ба зудӣ бачаовар мешавад.
Сабаби дуюми ҳомиладор нашудани зан рутубат ва ташарруҳоти зиёди бечадон аст. Дар ин ҳолат низ нутфа (сперматозоид) наметавонад роҳи худро идома диҳад ва ҳамроҳи моеъе, ки беш аз ҳадди лозима таровиш кардааст, хориҷ мешавад. Рутубатро ин тавр муолиҷа кардан лозим аст:
Нусха
Кокутӣ, мармарак ва гули сурх-як қошуқӣ аз ҳар яки ин гиёҳҳо гирифта дар термос андозед ва аз болояш ним литр оби ҷӯш рехта, монед як-ду соат истад, сипас гиёҳобро соф карда, рӯзе 2-3 маротиба бачадонро бо ин об шустан лозим аст.