Аз дирӯз сокинони Федератсияи Россия пай дар пай аз дастнорас гаштани видеохостинги YouTube шикоят карда истодаанд. Дар баъзе телеграм-каналҳо хабари баста шудан, яъне блокировкаи ин шабака дар Россия паҳн гаштааст. Оё дар асл чунин аст?
Тибқи хабарҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, худи ҳукуматдорони Федератсияи Россия фаъолияти YouTub-ро дар қаламрави Россия манъ карданиянд ва алакай корро дар ин самт шуруъ намудаанд.
“Ин қадами аввалин барои сохтани як сегменти видеоии мустақили интернетӣ ба мисли Хитой аст”,- навиштааст телеграм-канали “Война с фейками”.
Аммо Нюс.ру менависад, ки сарусадоҳо дар бораи аз ҷониби худи ҳукуматдорони Россия баста шудани YouTub ягон асос надоранд. Барои исботи гуфтаҳояш манбаъ суханони Антон Горелкин, муовини раиси Кумита оид ба сиёсати иттилоотии Думаи давлатии Россияро асос овардааст, ки хабари аз ҷониби ҳукумати Россия баста шудани YouTub-ро рад намудааст.
Гуфта мешавад, ки танҳо ҳудуди ҳашт ҳазор сокинони Россия бо сабаби суст гаштани суръати интернет ба YouTub дастрасӣ надоранд ва ин мушкили муваққатӣ мебошад. Айнан чунин ҳолат солҳои пеш низ рӯй дода буд.
Бояд гуфт, ки аксаран худи YouTub ва шабакаҳои интернетӣ, ки ҷонибдори Ғарб мебошанд, саҳифаҳои интернетиеро, ки сиёсати Россияро ҷонибдорӣ менамояд, ба қавли маъруф “блок” мекунанд.