Абдурозиқ Эгамов саннаи 7-уми июл бояд тӯйи хонадоршавиашро дар Дубай мегузаронд, вале ин тӯй баргузор нашуд. Чаро?
Абдурозиқ эълон карда буд, ки номзади мувофиқ ёфтааст ва тӯй мекунад. Блогери маъруф гуфта буд, ки арӯсшавандааш Амира ном дошта, аз Шарҷаи Аморати Мутаҳҳидаи Араб аст, вале дар борааш маълумоти зиёд надод. Тӯй бояд рӯзи 7-уми июл дар Дубай барпо мешуд, вале нашуд.
Савриқул Эгамов, падари Абдурозиқ, дар суҳбат бо Оила.тч гуфт, сабаби баргузор нашудани тӯйи писараш гармии аз ҳад зиёд дар Дубай аст ва бо салқинтар шудани ҳарорати ҳаво ин тӯй ҳатман баргузор хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ҳоло саннаи тӯй аниқ нест, вале барои гузаронидани маърака ҳамаи аъзои хонавода ба Дубай мераванд.