arzon replenishment
Чаро тифл гиря мекунанад?
822

Дар байни мардуми мо андешае вуҷуд дорад, ки агар кӯдак зиёд гиря кунад, шушаш калон шуда, роҳҳои нафаскашиаш васеъ инкишоф меёбанд.

Ин андешаро баъзе мутахассисон нодуруст хонда мегӯянд, ки кӯдак худ ба худ, яъне бесабаб гиря намекунад. Асабшиносон муътақиданд, ки осеб ё ноором будани системаи марказии асаби кӯдакон онҳоро ба ин ҳолат дучор мекунад. Айни замон мо дар бораи кӯдакони солиме, ки баъзан бе сабаб инҷиқӣ карда мегирянд, чанд ҳарф гуфтанием.

Калонсолон гиряи кӯдакро бонги беҳтарин барои модарони серкор мехонанд ва ҳатто мегӯянд, ки кӯдак гиря накунад, модар аз ҳоли ӯ бохабар намешавад. Ин андешаро духтурони кӯдакона чунин шарҳ доданд:

-Гиряи кӯдакон се сабаби асосӣ дорад. Сабаби аввал тар кардани либосашон, яъне пешоб ё ахлот намудан аст, ки боиси нороҳатии тифл мешавад. Сабаби дуюмаш гурусна мондани кӯдак аст. Сабаби сеюми гиря кардани кӯдак дарди ягон узви баданаш мебошад. Гӯшаш дарк кунад, вақти қапидан ё ламс кардан, кӯдак каме ором мешавад, ё баръакс гиряи сахт мекунад. Шикамаш дард кунад, пойҳояшро ба ин узв, яъне шикам ҷафс мекунад. 

Сабаби дигари ғаш кардани кудак ноҳинҷории шикам низ буда метавонад. Қисми зиёди навзодон баъди таваллуд дамиш дошта, шиками кӯдак сахт шуда, ҳангоми ширхӯри инҷиқӣ мекунад. Гоҳҳо боди шикамаш мебарояду тифлак хеле ором мешавад.

Ҳангоме, ки дар тифлак чунин аломатҳоро дидед, бояд дарк кунед, ки навзод дамиш дорад ва ин ӯро озор медиҳад. Модароне, ки бори аввал кӯдакдор мешаванд, дар ин ҳолат ба такопӯй медарояд, ки комилан оддӣ аст. Аммо сабаби асосии ин ҳолат бевосита модар аст. Ба ин мазмун маслиҳатҳои духтур акушерро ҳанӯз дар аввали ҳомиладорӣ аҳмият дода, онро иҷро кардан лозим аст.

Тамоми духтурон дар муоинаи аввал таъкид менамоянд, ки барои модар дар ин давра обҳои хунуки газдор нӯшидан мумкин нест. Шӯрӣ ва аз меъёр зиёд ширинӣ низ истеъмол кардан ба мақсад мувофиқ нест. Қаҳваи сиёҳ ва хӯрокҳои кӯчагӣ (фастфуд) ва ғизоҳои камкалорияро низ камтар нӯши ҷон намудан лозим аст. Сабаби асосии дамиши кӯдак баъди таваллуд ин нӯшидани нӯшокиҳои газдори хунук ва умуман оби хунук мешавад. Он ҳанӯз кӯдакро дар дохили батн ба илтиҳоби меъда ва руда оварда мерасонад. Ҳамин, ки кӯдак тавалуд шуд, ғизоҳои берун аз батнро ҳал карда наметавонад ва дамиш меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД