Вақте инсон ин дунёро падруд мегӯяд, муллоҳо давра кашида, бар умри ӯ ду сол илова мекунанд. Ин чӣ далел дорад? Илтимос, дар ин бора муфассал маълумот диҳед?
Шоҳимардон, ш. Ҳисор.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Солшумории ҳиҷрӣ аз солшумории мелодӣ фарқ мекунад, яъне як соли қамарӣ аз соли шамсӣ 11 рӯз кам аст. Барои ҳамин дар 30 соли шамсӣ як соли дигар изофа мекунанд. Пас аз марги инсон вақте умри ӯро ҳисоб мекунанд, агар майит бо ҳисоби мелодӣ 60 сол умр дошта бошад, тибқи солшумории қамарӣ 2 соли дигар ба он изофа карда, умри ӯро 62 сол ҳисоб мекунанд.