Дар мавриди ранг кардани мӯйи сар назари мардум мухталиф аст. Яке мегӯяд, ки боке надорад, ранг кардани мӯйи сар барои занҳои мусалмон равост, чунки худванд орову торо кардани занро манъ накардааст, вале дигарӣ ин андешаро рад карда мегӯяд, ранг кардани мӯй дигаргун кардани чеҳра ба ҳисоб меравад ва аз ҳамин сабаб гуноҳ аст. ехостам донам, ки оё ранг кардани мӯи сар аз нигоҳи дини мубини ислом дуруст ҳаст ё не?
Ҳавасмоҳ, ш. Ваҳдат.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз, ранг кардани мӯйи сар дар дини ислом ҷоиз, вале ранги сиёҳ макруҳ аст. Ҳино кардани мӯй низ ишколе надорад. Ранг кардани мӯй бояд барои солимии мӯйҳо ва ҷилва намудан дар назди шавҳаратон бошад, на ин ки барои сар луч кардану гунаҳгор шудан.