arzon replenishment
Чаро шикам дамиш мекунад?
24.05.2022
ОИЛА
2756


Ҷавонзани 32-сола ва модари ду фарзанд ҳастам. Пештар аз саломатӣ ягон шикоят надоштам, вале вақтҳои охир худ аз худ шикамам дамиш мекунад.

Баднафс нестам, хӯроки бисёр намехӯрам, лекин баъзан шикамам чунон сах тдамиш мекунад, ки хаёл мекунам ҳамин замон ё замони дигар мекафад. Ба назарам чунон мерасад, ки нафасам дарун мезанад. Ростӣ, аз рафтан ба назди духтур шарм медорам, аниқтараш намедонам чӣ тавр мушкиламро ба табибон фаҳмонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Шаҳодат, аз ш. Ҳисор.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ

Хоҳари азиз, гуфтани мушкили саломатӣ ягон ҷойи шарму ҳаё надорад.Баъдан, шумо ба ягон бемории венерикӣ гирифтор нестед, ки шарм доред. Дамиши шикам як чизи маъмулӣ буда, одамон сарфи назар аз синну сол ва касбу корашон ба ин иллат дучор мегарданд. Баровардани боду паст кардани дамиши шикам чандон кори душвор нест, вале барои табобати ҳар як дард пеш аз ҳама решаи онро ёфта, аз беху бунаш канда партофтан лозим аст, то дубора хурӯҷ накунад. Дамиши шикам сабабҳои зиёде дорад. Талхадон ва ғадуди зери меъда иллат дошта бошад, шикам дамиш мекунад.

Бемориҳои ҷигар низ боиси ҷамъ шудани бод ва дамиш кардани шикам гашта метавонанд. Вайрон шудани низоми кори рӯдавумеъда ва ба таври зарурӣ фаъолият накардани рӯдаҳо ҳам ба дамиш кардани шикам боис мегардад, аз ҳамин хотир ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки вақт ёфта, як маротиба ҳатман ба духтури узвҳои дарунӣ муроҷиат намоед ва аз ташхиси пурра гузашта, сабаби дамиш кардани шикаматонро аниқ намоед.

Айни замон ман чанд давои одиро ба шумо тавсия медиҳам, ки дамиши шикамро паст карда, бодро мебароранд ва шуморо аз қабзияту дард раҳоӣ мебахшанд.

Нусхаи аввал

Барги зуф барои бемориҳои рӯдаву меъда ва баровардани боду дамиши шикам беҳтарин давост. Як қошуқи калон тухму барги зуфро дар зарфе андозед ва аз болояш 200 грамм об рехта, муддате ҷӯшонед, сипас даворо полонида, соф кунед ва рӯзе се маротиба ду қошуқӣ нӯши ҷон намоед. Чанд рӯз ин амалро такрор кунед, натиҷаашро албатта эҳсос хоҳед кард.

Нусхаи дигар

Боз як давои дигари дамиши шикам ин қоқу аст, ки дар кишвари мо сари ҳар як қадам дучор меояд. Гиёҳи қоқуро чида, нағзакак шӯед ва бандча карда, дар офтоб хушк кунед. Пас аз хушк шудан бо кафи даст решаи қоқуро молиш дода, кафмол ва чунон майда кунед, ки ба хока табдил ёбад. Ба хокаи қоқу тахминан 20 грамм барги зуф ва 20 грамм арпабодиёнро илова намуда, ҳамаашро нағзакак аралаш кунед ва аз таркиби ҳосилшуда ду қошуқашро дар ним литр оби ҷӯшандохта, муддате ҷӯшонед, баъд оташро хомӯш карда, монед як-ду соат истад. Пас аз он ки даво хунук шуд, онро полонида соф кунед ва ҳар рӯз субҳу шом пеш аз хӯрок аз ин даво 50 граммӣ нӯшед.

Нусхаи сеюм

Гоҳо чунин мешавад, ки одам ягон ғизои сахтро истеъмол мекунад ва он дар меъдааш ба пуррагӣ ҳазм намешавад. Сабаби ҷамъ шудани бод ва дамиш кардани шикаматон, агар гирифтагӣ ё хӯроки ҳазм нашуда бошад, дар ин ҳолат тухми зағир беҳтарин давост. Як қошуқчаи чойхӯрӣ тухми зағирро дар як истакон об муддати 10 дақиқа ҷӯшонда, хунук кунонед ва суҳбу шом пеш аз ғизо нӯшиҷон намоед.

Зағир ва махсусан тухмаш бисёр фоиданок буда, тамоми гирифтагиҳои рӯдаро мефарорад ва бар замми ин, дарунро ба хубӣ поккорӣ мекунад. Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД