arzon replenishment
ЧАРО ШАВҲАР ТАҲҚИР МЕКУНАД?
2957

 

Тамоми умр бе ҷангу ҷанҷол зистани зану мард номумкин аст, вале чӣ бояд кард, вақте мард баҳудаву беҳуда занро таҳқир мекунад. Аввал сабаби чунин рафтор намудани мардро муайян созед. Инак, сабабҳои маъмултарини занро таҳқир намудани мард.

1.Аксаран баъди ба охир расидани давраи ширу шакари навхонадорон мард аз маҳдуд шудани озодияш ба даҳшат меояд. Азбаски мард зотан аз зан бадҷаҳлтар аст, ҳар дафъае, ки зан ба куҷо рафтану сабаби дер омаданашро пурсон шавад, бо дашном ҷавоб мегӯяд. Мард аз занкалон шуданаш тарсида, чунин эътироз баён мекунад.

2.Мувофиқи омор никоҳи бармаҳал на ҳамеша бобарор мешавад. Аксари зану шавҳарони ҷавон баъд чанд соли зиндагӣ ҷудо мешаванд. Чаро чунин мешавад? Ба ақидаи равоншиносон сабаб дар омода набудани зану мард ба никоҳ аст. Дар аввал зиндагияшон хуб аст, вале баъди чанде яке аз онҳо (аксаран мардон дарк менамояд, ки хеле барвақт худро занҷирбанд намуда, аз озодӣ сер нашудааст ва қаҳрашро бо пастзаниву дашном аз занаш меситонад.

3)Занҳоро бадгумон мешуморанд, вале баъзе мардҳо дар ин ҷода аз ҳад мегузаронанд. Шӯхии занро намефаҳманду ҳар гапро рост пиндошта ба ғазаб меоянд. Ба ҷойи он ки рӯирост буду шуди гапро аз зан пурсанд, бо таҳқиру бадгӯӣ занро ҷонбезор мекунанд.

4.Чунин ҳам мешавад, ки сабаби дағалии мард дар тарбияи ӯст. Шояд чунин муносибати падарро нисбати модараш дидаасту ба ӯ тақлид мекунад.

Чӣ бояд кард?

Дар ҳар сурат бо мардатон гуфтугӯ кунед. Оромона гап занед, ба таҳқир бо таҳқир ҷавоб гуфта, оташи ғазаби мардро аланга надиҳед. Мард агар аз ғазаб нафарояд, ба сӯҳбат хотима гузоред. Худро эҳтиром намоед, ба мард имкон надиҳед, ки шуморо паст занад. Сӯҳбатро дар сурате давом диҳед, ки бо шумо инсонвор сӯҳбат намояд. Гапро кашол надиҳед, мард ҳар қадар зудтар гуноҳашро дарк намояд, ҳамон андоза хуб аст. Шояд шуморо рашк карда бошад, зудтар ба тахмину гумонҳояш нуқта гузоред. Зимни сӯҳбате, ки ҳадафаш сабабҳои чунин рафтор намудани мардро фаҳмидан аст ба чӣ ҷавоб доданаш диққат диҳед. Дар кадом ҳолатҳо мард бештар таҳқир мекунад, кай аз ҷониби шумо фишорро эҳсос мекунад ё бе сабаб дағалӣ менамояд ва кай ҳатто ба меҳрубонии шумо бо дағалӣ ҷавоб медиҳад.

Акнун барои худ хулоса бароред. Вақте шумо озодии мардро маҳдуд карданӣ мешавед, албатта вай худашро ҳифз мекунад. Ба ҳар кори мард бинӣ нахалонед. Шумо ҳам бозоргардӣ мекунед-ку!

Рафту мард бе ягон сабаб бо шумо дағалӣ кунаду ба саволи «чаро бо ман чунин гап мезанӣ?» бадқаҳрона «чунки ту аблаҳ астӣ» гӯяд, нигоҳ доштани оила маънӣ надорад. Вақте шавҳар дар ҳузури фарзандон шуморо таҳқир мекунад, ба умеди тарбия карданаш нашавед ва ба дилаш роҳ наҷӯед. Чунин мардон ҳеҷ гоҳ ислоҳ намешаванд, рафторашон рӯз ба рӯз бад мешаваду беҳ не! Касе ба шумо кафолат дода наметавонад, ки ин тоифаи мардон бо дағалгуфторӣ иктифо менамоянд, аз имкон дур нест, ки рӯзе ин мард ба саратон мушт ҳам мебардорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД