Бисёре аз бонвон ба худ савол медиҳанд: Чаро дугонаҳоям ҳар сол соҳиби шубаи наву дасмонаҳои тиллоӣ ва гӯшворҳои гаронбаҳо мешаванд, вале шавҳарам ба ман ҳатто дар 8- март як даста гул туҳфа намекунад?
Ман аз дигар занон чи камӣ дорам?
Биёед аввал сару нӯги ин масъаларо дида бароем.
Ман пул надорам!
Шумо ин суханонро аз забони шавҳаратон бисёр мешунавед?Аввал вазъияти мардро дида, баъд оҳу ноларо сар кунед. Шавҳаратон нав 20-22 сола шудааст ва дар донишгоҳ мехонад? Пас худи вай ҳоло ба пул ниёз дорад. Аз чунин мард туҳфаи гаронбаҳо ва роҳхати сафар ба Туркияро интизор шудан кори бемаънист, вале ҳамсаратон аз 30 сола боло ва соҳиби ҷойи кор бошад, аммо як гули садбарг ҳам харидан нахоҳад, беҳуда ба умеди чунин мард нашуда, таёқатонро ба рушноӣ занед. Марди мумсик ҳеҷ гоҳ шавҳари хуб намешавад.
Зоташ зихна аст
Ҳастанд мардоне, ки табиатан хасис ҳастанд ва пул харҷ намекунанд. Ин тоифаи мардон натанҳо барои ҳамсарашон, балки барои ягон касу ягон чиз пул сарф намекунанд. Хасисӣ дар рагу пайвандашон ҷойгир шудааст, зеро мумсикиро аз волидонашон мерос гирифтаанд. Беҳуда ба умед нашавед, ки рӯзе шавҳаратон Ҳотами Той мешавад, зеро чунин мардро иваз кардан ғайри имкон аст. Ин гуна мардон дар як рӯз миллон-миллон даромад ба даст биёранд ҳам, барои харидани туҳфа ва шод гардонидани зан як танга сарф намекунанд. Шумо танҳо ду роҳ доред, ба тақдир тан медиҳед ё баромада меравед.
Марди сариштакор аст
Баъзе мардон даромади худро тақсим карда, кӯшиш менамоянд, ки пасандоз ҷамъ кунанд. Ин тоифаи мардон мусик нестанд, балки барои рӯзгори худро беҳтар намудан муддате аз сарфу хароҷоти беҳуда даст мекашанд. Агар ин вазъиятро ҳамсар хуб дарк намуда, каме таҳамул кунад, ба беҳтар шудани шароити зиндагиашон ноил мегарданд. Ҳарчанд барои куртаи зебои дар пештахтаи мағоза истода дили зан об мешавад, аммо сабр карда, баъди чанде метавонад аз шавҳараш чи қадаре ки хоҳад, пул гирифта, либосҳои мехостаашро харидорӣ кунад.
Аз ҳад зиёд талаб накунед
Баъзе занҳо зиёд барои туҳфаву гулу тарабхона ҷони шавҳарҳояшонро ба нуги бинияш мерасонанд, ки чунин рафтор хатои маҳз аст. Фаромӯш накунед, агар баъди сад бор гуфтанатон шавҳаратон ба шумо чизе туҳфа кунад ҳам, ин аз рӯи иҷбор аст, на аз дӯстдорӣ.
Муқоиса накунед
“...Савригул бо ҳамсараш ба “Баҳористон” рафтанд. Шумо ҳатто барои ба хонаи очаам рафтан ба ман пул намедиҳед...” ин муқоисаҳо шавҳаратонро паст мезанад ва мард худро бетолеъ ва ноӯҳдабаро ҳис мекунад. Ин амал меҳри шавҳаратонро нисбати шумо кам мекунад ва хоҳиши бо туҳфа шуморо хурсанд карданро аз байн мебарад.
Дар ёд дошта бошед, ки дар ҳама ҳолатҳо дар зинадагӣ сабр нақши муҳим мебозад. Дар равиши зиндагӣ шумо бо хислатҳои шавҳаратон одат мекунед, мард низ характери шуморо омӯхта, мувофиқи он амал мекунад. Чи хеле мегӯянд ё об ба равиши бел ё бел ба равиши об.