arzon replenishment
Чаро сафорати Россия қабули Тоҷикистониёнро қатъ кард?
1080


Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон эълон кардааст, ки аз 26-уми октябр қабули шаҳрвандони Тоҷикистонро муваққатан қатъ хоҳад кард.

Сабаби қатъ шудани қабули шаҳрвандони Тоҷикистонро масъулини сафорати Россия ба қонуни нави Федератсияи Россия дар бораи шаҳрвандӣ нисбат медиҳанд.

"Дар робита ба эътибор пайдо кардани қонуни нави федералӣ аз 28 апрели соли 2023 таҳти № 138-ФЗ "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия" аз санаи 26- октябри соли ҷорӣ қабули муроҷиаткунандагон аз рӯи масъалаҳои шаҳрвандӣ муваққатан қатъ карда мешавад», -омадааст дар изҳороти сафорат.

Ёдрас мешавем, ки ҳамасола теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан шахсоне, ки ризқу рӯзии худро аз роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ пайдо мекунанд, барои ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Россия талош меварзанд.

Як сабаби барои гирифтани шаҳрвандии Россия талош кардани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик агар осон шудани ҳуҷҷатгузорию пайдо кардани кор дар Россия бошад, сабаби дигараш “Материнский капитал”, нафақаи нисбатан баланд ва дигар имтиёҳое мебошанд, ки ҳукумати ин кишвар медиҳад. Аммо аксари шахсоне, ки шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд, фаромӯш мекунанд, ки гирифтани шаҳрвандии Россия дар баробари имтиёз, масъулият низ дорад.

Сар задани баҳсу мунозираҳои зиёд дар масъалаи ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия ҷалб кардани собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро ба даст овардаанд, ба фазои муҳоҷиратии кишвар бе таъсир намонда, боиси торафт шиддат пайдо кардани руҳияи муҳоҷирбадбинӣ дар Россия гашта истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД