Бонувоне, ки дар сар шарфу рӯймол мебанданд, шикоят мекунанд, ки мӯйи сарашон зуд-зуд часпак шуда, сабӯсаки сар пайдо мекунад.
Дар асл сабаб дар рӯймолу шарф нест, балки пасту баландшавии ҳарорати ҳаво ба ин омилҳо боис мегардад. Вақте дар ҳавои сарди кӯча сари луч гашта, ба хонаи гарм ворид мешавед, кори ғадудҳои чарбӣ халалдор мегардад.
Сабӯсак чанд намуд мешавад?
Намуди аввали сабӯсак псориаз ном дошта, бо пайдо шудани як қабати дигари пӯст дар пӯсти сар зуҳур менамояд. Намуди дуюмаш сабӯсаки хушк аст ва он ҳангоме пайдо мешавад, ки пӯст ба қадри кофӣ нарм несту хориш ва сӯзиш мекунад. Намуди сеюми сабӯсак равғанин буда, замбурӯғин ва хеле хатарнок аст. Аз ҳамин намуди сеюми сабӯсак эҳтиёт шудан лозим аст, зеро он сироятпазир аст. Намудҳои хушки сабӯсак гузаранда нест.
Сабӯсаки равғанин чӣ гуна сироят мекунад?
Сабӯсаки равғанин тавассути шона, фен, мӯйқапакҳо, ороишоти мӯй, ва ҳавзи оббозӣ сироят мекунад. Сабӯсаки хушк бар асари истеъмол намудани дорувориҳои ҳормонӣ, тағйироти ҳормонӣ ва иваз шудани боду ҳаво зуҳур менамояд. Ҳамзамон ҳомиладорӣ, изтироби шадид, ғизои номукаммал боиси хурӯҷ намудани сабӯсаки сар гашта метавонад.
Беморӣ кай нест мешавад?
Сабӯсаки сар аз се моҳ то як сол дар пӯсти сар меистад ва зиёд ё кам шудани он аз ҳолати масунияти бадан вобастагӣ дорад. Нафарони аз 20 то 40-сола бештар аз сабӯсаки сар азият мекашанд, зеро маҳз дар ҳамин давраи умр фаъолнокии ҳормонҳо фаро мерасад. Наздики 50-солагӣ сабусак кам мешавад ва дар 60-солагӣ умуман нест шуда метавонад, аз ҳамин сабаб, пиронсолон хеле кам сар шуста метавонанд.
Дар ҷисми инсон наздики 15 намуди замбурӯғҳо вуҷуд доранд, вале танҳо як намуди он сабабгори пайдоиши сабӯсаки равғанин мегардад. Вақте сабӯсаки мазкур афзоиш меёбад, аксарият рӯ ба шампунҳои табобатӣ меоранд. Вале бе ташхиси дуруст ба табобат ноил шудан имконнопазир аст, зеро шумо намуди сабӯсакро муайян накарда, метавонед шампуни табобатиро нодуруст интихоб намоед.
Чӣ бояд кард?
Барои табобати сабӯсаки хушк пӯсти сарро нарм кунонидан лозим аст. Шампуни саршӯӣ низ бояд барои пӯсти ҳассоси сар интихоб карда шавад. Ҳамзамон бо омадани тирамоҳ ба нафароне, ки фенро ба кор мебаранд, аз ҳарорати баланди он истифода бурданро тавсия намедиҳем. Барои табобати сабӯсаки равғанин ва псориаз ба табиб –трихолог муроҷиат кардан лозим аст. Табиб барои тоза кардани пӯсти сар ва кушодани роҳи ҳуҷайраҳо пилинг мекунад ва дорувориҳои дорои синк ва зиддимикробиро тавсия медиҳад.
Витамин бар зидди сабӯсак
Чарби пӯсти сар дар фасли тобистон хеле зиёд мешавад ва тирамоҳ вақте аст, ки онро тоза намоед. Чарб сӯрохии решаи мӯйро маҳкам мекунад ва тори мӯй дар даруни равған наистода меафтад. Дар баъзе ҳолатҳо сабӯсаки сар нишонаи норасоии витаминҳо буда метавонад, аз ин рӯ, витаминҳои А,В,Е истеъмол кардан лозим аст.