Пештар духтари зебои барф барин зебо будам, вале намедонам аз кадом сабаб бошад, ки баъди хатми мактаб рӯям якбора пур аз доғ шуда монд. Ростӣ аз доғҳои рӯям сахт шарм медорам.
Фикр мекунам, ки ҳама ба ҳоли ман механданд. Крем ва малҳамҳои зиёдеро санҷида дидам, аммо фоида накард. Мехоҳам сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои халосӣ аз доғҳои рӯйро бидонам.
Фарида, ш. Душанбе
Доғӣ рӯй-нишонаи беморӣ
Доғҳои рӯй безарар бошанд ҳам, пайдо шуданашон аз он дарак медиҳад, ки ҷисм беморие дорад. Сабабҳои пайдо шудани доғҳои пигменти зиёданд. Ҳангоми ҳомиладорӣ ва истеъмоли дорувориҳои ҳормонӣ дар организм тағйиротҳои ҳормонӣ рух медиҳанд ва ин боиси пайдо шудани доғҳо дар рӯйи зан мегардад. Бо оғози климакс низ доғҳои пигментӣ пайдо шуда метавонанд. Аксари бонувони синну солашон аз 40 боло аз доғҳои зиёди пигментӣ азият мекашанд. Бемории системаи эндокринӣ –ғадуди сипаршакл, касалиҳои ҷигар, талхадон, меъдаву рӯда, илтиҳоби куҳнашудаи пешобдон, ҷараёнҳои инфексионӣ аз қабили гепатити А низ боиси пайдо шудани доғҳои пигменти дар пӯст мегардад. Истеъмоли баъзе дорувориҳои барои бехобӣ, безурриётӣ ва фишори баланд тавсияшуда ҳам доғҳои сиёҳро дар пӯст ба вуҷуд меорад, бинобар ин, шумо бояд пеш аз ҳама аз ташхиси пурраи тиббӣ гузашта вазъи саломатиатонро муайян намоед.
Аз доғ то саратон як қадам
Мо шуморо тарсонданӣ нестем, вале баъзе доғҳо дар сурати сари вақт табобат нагирифтан одамро ба саратони пӯст гирифтор месозанд. Баробари мушоҳида намудани доғҳои сиёҳ дар пӯсти рӯятон ба духтури терапевт муроҷиат карда, хуну пешоби худро барои ташхис супоред, назди духтари эндокринолог равед ва маслиҳати табиби занона, яъне гинекологро бигиред.
Доғҳои рӯйро пешгирӣ карда мешавад?
Пайдо шудани доғҳои пигментиро дар пӯст пешгирӣ кардан мумкин аст, вале на ҳамеша. Ҳангоми ҳомиладорӣ ва баъди 60 солагӣ пайдо шудани доғҳо дар рӯйи бонувон падидаи муқаррарианд. Дар ҳолатҳои дигар пӯстро аз нури офтоб ҳифз карда, пайдоиши доғҳоро пешгирӣ кардан имкон дорад. Як нуктаи муҳим, натанҳо пӯсти рӯй, балки пӯсти дастонро низ бояд муҳофизат кард.
SPF чи фоида дорад?
Рӯзҳои аввали баҳор равғанҳои муҳофизатиро бо УФ-филтр, инчунин малҳами SPF-и беш аз 30-ро истифода намоед. Ин малҳамҳоро ним соат қабл аз кӯчабароӣ ба пӯсти рӯй ва дастон молидан лозим аст. Шумо бе пардоз ба кӯча баромада натавонед, ба ҷои малҳами муқаррарӣ косметикаи декоративии аз офтоб ҳифзкунандаро молед. Кулоҳ ва куртаи остиндароз пӯшед, то пӯстатонро пинҳон намоед.
Витамин хӯред
Бештар витамини С истеъмол кунед, аз ҷумла меваҳои ситрусӣ. Карами намакхӯрда, чой аз шиповник ва ҷавҳари аскорбин (аскорбиновая кислота) истеъмол намоед. Норасоии ҷавҳари фолиевӣ (фолиевая кислота) низ боиси пайдо шудани доғҳои пигментӣ дар рӯй мегардад. Бо истеъмоли ин ҳабҳо метавонед аз доғҳо халос шавед.
Ҳаёти солим ба сар баред
Ҷиҳати муҳимтарини табобати ҳар як беморӣ тарзи ҳаёти инсон аст. Дорувории беҳтарин ҳам наметавонад натиҷаи дилхоҳ диҳад, агар ғизои нодуруст хӯреду камҳаракат бошед. Барои муҳофизати пӯст ҳаёти солим ба сар баред.
Лимӯ доғҳои рӯйро нест мекунад
Докачаеро дар шарбати лимӯ тар карда, ба ҷои доғдори пӯст гузоред, сипас рӯй шуста, малҳами ғизобахш (питательный) молед.