Arzon march 2024
Чаро ронандаи «1111-такси»-ро ҳабс карданд?
1029
no-img


Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти як ронандаи таксӣ, ки ба ширкати 1111 таалуқ дорад, хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, шаҳрванд Розиқов Шаҳром Намозалиевич, соли таваллудаш 19.10.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Борбад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай» рақамҳои қайди давлатиаш 7483ТТ05 дар асоси муроҷиати як сокини пойтахт аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шудааст. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 27-уми июли соли ҷорӣ нисбати як ҷавонзани 30-сола, сокини кӯчаи НуруллоҲувайдуллоеви пойтахт беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Зимни пурсиш ва санҷиши навори ҷойи ҳодиса гуноҳи содир намудаи ронандаи таксӣ Розиқов Шаҳром ба пуррагӣ исботи худро ёфт.

Вобаста ба ин нисбати Розиқов Шаҳром тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, номбурда дар асоси Қарори Суд ба мӯҳлати 10-шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД