Sebiston new 2024 october
ЧАРО НАВРАСОН ДАСТ БА ОДАМКУШӢ МЕЗАНАНД?
3123

 

Бепарвоии волидон дар тарбияи ахлоқию маънавии фарзандонашон боиси сол то сол пасттар шудани сатҳи маърифати насли ҷавон ва даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ задани наврасон гашта истодааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷинояткори ҷавон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ нисфирӯзии 13-октябр, тахминан соатҳои 15.20 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як бачаи 16-сола аз ҳиссиёти авбошӣ ҷавони 17-соларо корд задааст. Ҷабрдидаи ғарқи хунро фавран ба яке аз беморхонаҳои пойтахт интиқол доданд, нисбати ноболиғи авбош бошад, парвандаи ҷиноятӣ боз гашта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Боз як ҷавони бемаърифату ҷиноятпеша дар шаҳри Истаравшани Вилояти Суғд ба даст афтодааст. Ӯ ҳамагӣ 17-сол дорад, вале аллакай бори дуюм аст, ки даст ба ҷинояткорӣ зада, ба пушти панҷараи зиндон меафтад. Қаблан ин ҷавони 17-сола бо моддаи 248-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикисон маҳкум гашта буд, ин дафъа бошад, кормандони милитсия ӯро бо иттиҳоми дуздӣ дастгир намуданд. Рӯзи 12-октябр ин ҷавони авбош бо роҳи зӯрӣ телефони мобилии тамғаи «Samsung-A6»-и як навраси 15-соларо рабудааст.

Зарари расонидашуда  1500 сомониро ташкил мекунад ва акнун барои чунин маблағи ночиз ин ҷавони беандешаи дузд боз чанд соли умрашро дар маҳбаси тираву тор сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД