arzon replenishment
Чаро Мустақим модарашро кушт?
1481


Писари бераҳм ба дили модар 3 корд зад!
Як сокини шаҳри Норакро барои содир намудани ҷинояти куштор бо бераҳмии махсус равонаи зиндон намуданд.

Тавре ки Прокуратураи Генералии Тоҷикистон хабар додааст, Қосимов Мустақим Ятимович дар куштори ваҳшиёнаи модараш айбдор дониста мешавад.
Додгоҳ Мустақим Қосимовро бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои “в, е”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар одамкушӣ бо бераҳмии махсус ва он ҳам дар вақти дар ҳолати оҷизӣ қарор доштан ба ҳабси абадӣ маҳкум намудааст. Ваҳшатовараш он аст, ки Мустақим одами бегона ва ё рақибу душманашро не, балки модараш, занеро, ки ӯро ба дунё оварда, бо шири сафедаш ба воя расонида буд, бо бераҳмии махсус, ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидааст.
Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки Қосимов Мустақим Ятимовичҳамрҳи падару модар ва зану фарзандонаш дар шаҳри Роғун, кӯчаи Норакиён, бинои 24 зиндагӣ карда, бе кор будааст. Модараш Зебониссо Маҳмудова ҳамеша ӯро насиҳат мекардааст, ки дарягон ҷ ба кор даромада, ақалан ризқу рӯзии зану фарзан донашро ёбад ва зиндагиашро худаш пеш барад. Ин панду насиҳатҳои модар ба писари золим сахт расида, бо модараш ҷангу ҷанҷол мекардаат. Билохира, писари золим, ки дар дил нисбати мдараш кинаву адоват дошт, дар фикри куштани модар меафтад. Шаби 30- апрели соли 2021, тахминан соати 01:50 Мустақим аз хоб бедор шуда, аз ҳамсараш пинҳонӣ бо мақсади куштори модараш аз ошхона кордро гирифта, ба ҳуҷраи хоби падару модараш медарояд ва аз фурсати муносиб истифода бурда, бо бераҳмии махсус бо корди дар дасташ буда, ба қафаси синаи модар мезанад. Зебунисо Маҳмудова аз зарбаи корд аз хоб бедор шуда, кӯшиши хестан мекунад, вале писари гургсифаташ ба модар имкони бархостан надода, ба дилаш пай дар пай 3 мартаби корд мезанад ва ӯро ба қатл мерасонад.
Вақтҳои охир дар кишвари мо ҳодисаҳои мудҳиши кушторҳои оилавӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, занон бо дасти шавҳар ё баръакс шавҳар ба дасти зан, падару модар ба дасти писар, хоҳар ба дасти бародар кушта мешавад, ки бисёр ташвишвар мебошад. Ин дар ҳолест, ки эҳтироми падару модарро ҳам қонун ва ҳам дини мубини ислом бар гардани ҳар яки мо қарз гардонидааст. Аз назари ислом одамкушӣ гуноҳи кабира ба ҳисоб рафта, куштани хешовандони наздик, махсусан падар ё модар гуноҳи нобахшиданист. Касе, ки даст ба қатли падару модар мезанад, натанҳо дар ин дунё ба ҳабси абад ва банду зиндон маҳкум карда мешавда, балки баъди марг низ ба азоби дӯзах гирифтор хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД