Formula novemver 2024
Чаро модар кӯдакашро ором карда наметавонад?
1247

Дар давоми зиндагӣ борҳо шунидаем, ки мегӯянд, чӣ гуна модар аст, ки фарзанди худро ором карда наметавонад, вале илми тиб сабабҳои гиряи кӯдаконро ба омилҳои зиёде вобаста ба саломати ҷисмонӣ ва равонии атфол рабт медиҳад, ки чанде аз онро дар зер қайд мекунем.

Хоҳишҳои номуайян

Кӯдак хоби роҳат намеравад, худро дар ҳарҷое ки меравад, нороҳат ҳис мекунад ва намедонад, ки чӣ мехоҳад. Дар ин ҳолат модар ҳам дар муайян кардан ва қонеъ сохтани ниёзҳои фарзанд душворӣ мекашад.

Қабзият ва дард

Қабзият аз ҷумлаи бемориҳои узвҳои даруна мебошад, ки кӯдакро дар моҳҳои аввали баъд аз таваллуд азият медиҳад. Тифлак аз дарди хуруҷкунанда азият мекашад, вале модар намедонад, ки чӣ тавр ба ӯ кӯмак кунад.

Камтаҷрибагӣ

Модарони ҷавоне, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии нигоҳубини кӯдакро надоранд, наметавонанд сабабҳои гиряи кӯдакро ба осонӣ муайян намуда, роҳи ҳалли онро ёбанд.

Норасоиҳои равонӣ

Дар шароити феълӣ аксари кӯдакон аз бемориҳои асаб азият мекашанд, ки ин ба норасогиҳои равонӣ оварда мерасонад. Кӯдак аз ҳад зиёд эҳсосотӣ мегардаду дар ҳоалти стресс қарор мегирад. Дар ин ҳол ӯро бо ягон роҳ ором кардан ғайриимкон мегардад. Ин ҳолати кӯдак натанҳо барои худаш, балки барои атрофиён ва ҳатто саломатии модар низ таъсириманфӣ расонида метавонад.

Набудани дастгирӣ

Агар модар худро дар муҳити оила танҳо ҳис кунад, аз тарафи пайвандон дастгирӣ наёбад, оила ва ҷомеа низ нисбати ҳаёти зан бетараф бошанд, ба стресс дучор мешавад. Дар ин ҳолат зан қодир нест, ки фарзандашро ором созад, зеро худаш ба касе ниёз дорад, ки ӯро ором кунад.

Дар маҷмуъ ором кардани кӯдак яке аз амалҳои душвор маҳсуб ёфта, барои ин сабр, фаҳмида тавонистан ва кумаки дигарон муҳим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД