arzon replenishment
Чаро матоъи “Пӯсти паланг” ҳаргиз аз мӯд намеравад?
1194

Матоъи “Пӯсти паланг” бештар бо номи “Тигр” дар байни бонувон машҳур буда, дар ягон давру замон аз мӯд намеравад. Мехоҳеддонед, ки чаро занону духтарон ба ин матоъ, ки дар ҳақиқат пӯсти палангро ба ёд меорад, ин қадар дилбастагӣ доранд? Пас муттаваҷҷеҳ бошед!

Ҷозибаи классикӣ
“Пӯсти паланг” яке аз матоъҳои классикӣ ва универсалӣ ба ҳисоб рафта дар тӯли таърих ба як ҷузъи муҳим дар оламимӯд табдил ёфтааст. Он як тарҳи классикӣ мебошад, ки ҳам барои сару либоси расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ мувофиқаст.

Ҷалби таваҷҷӯҳ
Сабаби дигари аз мӯд нарафтаниматоъи “Пӯсти паланг” дар он аст, ки ҳамеша
таваҷҷуҳи атрофиёнро ҷалб месозад. Бо чунин либос зан ба назар ҷозибтар вазеботар менамояд.

Ба ҳама зебанда аст
Сабаби сеюми ҳеҷ гоҳ аз мӯднарафтани матоъи “Пӯсти паланг” дар
зебанда будани он мебошад. Либосҳои аз матоъи “Пӯсти паланг” тайёршуда батамоми занону духтарон, сарфи назар аз синну сол, ранги пӯст ва чашму
абрувоншон мезебад.

Таърихи пайдоиши матоъи “Пӯсти паланг”
Маътои “Пӯсти паланг” ба олами мӯд тахминан охирҳои асри 19 ва аввалҳои асри 20 ворид гаштааст. Сабаби баолами мӯд роҳ ёфтани ин матоъ дар он аст, ки худи паланг ҳамчун як ҳайвони бениҳоят зебо ва пурқудрат дар фарҳангҳои гунгун маъруф гашта буд. Минбаъд солҳои1950 ва 1960 ин матоъ маъруфияти зиёде пайдо кард ва дизайнерҳои машҳур бештар аз “Пӯсти паланг” либос омода мекардагӣшуданд. Ҳамин тавр матоъи “Пӯсти паланг” ҳамчун як унсури мӯд дар мурури таърих ҷойгоҳи хоса пайдо намуд ва то ба имрӯз бонувони хушсалиқа ин матоъро дӯстмедоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД