Sebiston new 2024 october
Чаро мардуми Бадахшон дастрасӣ ба интернет надоранд?
1127

Тибқи қонунгузори Тоҷикистон ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон тамоми системаи алоқаи мобилӣ, интернети мобилӣ, алоқаи собит, интернети ноқилӣ фаъол аст.
Ин нуқтаро намояндаи вазорати алоқаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон қайд кард. Номбурда илова намуд, ки дар асоси қонуни алоқаи барқӣ, модаҳои 33-34 Қонуни ҶТ мо вазифадор ҳастем, ки амнияти иттилоотро барои шаҳрвандонд, ҷамъият ва давлат таъмин намоем, аммо дар баъзе минтақаҳо, баъзе стандартҳои интернет тиқби талаботи байналмиллӣ фаъолият намекунанд. Техникаи иттилоотии комуникатсионӣ, ки бар зарари мардуми Тоҷикистон ва минтақа равон карда шудааст, барои мо даркор нест ва барои каси дигар ҳам лозим нест. Шумо вазъи имрӯзаи ин минтақаро медонед ва ҳоҷати гуфтани он нест. Баҳри таъмини амният мо тамоми куввату системае, ки дорем, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори кишвар сарф мекунем.
Шаҳрвандон аз сифтаи пасти хизматрасониҳои интерентӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ қариб ҳамарӯза норозигӣ баён мекунанд ва баланд будани нархи интернет ва сифтаи паст доштани он баҳси доғеро ба миён овардааст, ки ҳеҷ ҳал намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД