Commerce bank may-june 2026
Чаро мардум ба фолбину ҷодугар бовар мекунанд?
26.07.2026
Oila.tj
18

Бо вуҷуди сахттар шудани ҷазо, боздошти садҳо нафар ва мавқеи қатъии уламои дин, муроҷиати мардум ба фолбинҳо ва ҷодугарон дар Тоҷикистон идома дорад. Коршиносон ҳалли масъаларо на танҳо дар ҷазо, балки дар маърифат, дастрасӣ ба кумаки равонӣ ва мубориза бо сабабҳои иҷтимоии хурофот мебинанд.

Нигаронии Раҳимзода

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон 604 нафарро бо иттиҳоми машғул шудан ба фолбинӣ, ҷодугарӣ ва фаъолияти ба он монанд боздошт кардаанд. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 21 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

«Яъне, ҳоло ҳам мардум ба сеҳру ҷоду бовар доранд», — таъкид кард вазир.

Ба ҳисоби миёна, дар ним соли гузашта ҳар моҳ беш аз 100 нафар ва тақрибан ҳар рӯз се нафар бо чунин иттиҳом боздошт шудаанд. Ин рақам нишон медиҳад, ки бо вуҷуди муборизаи густурдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сахттар шудани ҷазо ва танқиди рӯҳониён, фаъолияти фолбинҳо ва ҷодугарон ҳанӯз ҳам мушкили ҷиддии иҷтимоӣ боқӣ мондааст.

Рамазон Раҳимзода гуфт, мубориза бо фолбинҳо, ҷодугарон ва шахсоне, ки худро мулло муаррифӣ карда, ғайриқонунӣ ба чунин корҳо машғул мешаванд, танҳо вазифаи мақомоти корҳои дохилӣ нест.

«Ин масъулияти ҳамагон аст ва ҷомеа низ бояд дар мубориза бо чунин падида саҳмгузор бошад», - гуфт вазир.

Муборизае, ки шиддат гирифт

Дар Тоҷикистон мубориза бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ солҳои зиёд идома дорад, аммо аз соли 2024 ин раванд шиддати бештар гирифт. Ба қонунгузорӣ тағйирот ворид шуда, ҷазо барои машғул шудан ба чунин фаъолият сангинтар гардид.

Мувофиқи тағйироте, ки 21 июни соли 2024 ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ворид шуданд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин мешавад.
Бо назардошти он ки соли 2026 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ аст, ҳаҷми чунин ҷарима аз 6 ҳазор то 7 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои аксари шаҳрвандон ҷаримаи назаррас ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон банди нав ворид карда шуд. Мувофиқи он, агар шахс дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз ба фолбинӣ ё ҷодугарӣ машғул шавад, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз мегардад.

Дар ин ҳолат ба ӯ ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 112 ҳазору 500 то 150 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

Танҳо дар соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 1100 нафар бо иттиҳоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт шуда, нисбаташон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Боздошти 604 нафар дар шаш моҳи аввали соли 2026 нишон медиҳад, ки шумораи чунин ҳолатҳо ҳамоно зиёд аст.

Мавқеи қатъии Шӯрои уламо

Дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони рӯҳонияти расмӣ низ бар зидди фолбинӣ ва ҷодугарӣ мавқеи қатъӣ гирифтаанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мавъизаи пеш аз намози ҷумъа гуфт, ки дар дини Ислом сеҳру ҷоду ҳаром аст ва шахсе, ки ба чунин фаъолият машғул мешавад, аз роҳи имон дур мегардад.

Ӯ аз минбари Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе изҳор дошт, ки ҳар кас назди фолбину ҷодугар рафта, ба гуфтаҳои ӯ бовар кунад, ба гуноҳи бузург даст мезанад.

«Ҳар касе, ки назди фолбину ҷодугар меравад ва ба гуфтаҳои ӯ бовар мекунад, кофир мешавад. Никоҳаш ҳам ботил мегардад. Махсусан занон зиёд назди соҳирону ҷодугарон мераванд. Ин гуна ашхос бояд тавба кунанд ва аз сар никоҳ банданд», - гуфт муфтии Тоҷикистон.

Ин гуфтаҳо ҳукми динӣ ва мавқеи раиси Шӯрои уламо мебошанд. Масъалаҳои ҳуқуқии ақди никоҳи давлатӣ бошанд, дар доираи қонунгузории шаҳрвандӣ ва оилавии кишвар танзим мешаванд. Бо вуҷуди ин, ҳадафи асосии суханронии муфтӣ ҳушдор додани мусалмонон аз муроҷиат ба фолбинҳо ва ҷодугарон буд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода таъкид кард, ки шахсоне, ки худро қодир ба «кушодани бахти дигарон» муаррифӣ мекунанд, дар асл наметавонанд мушкили зиндагии худро ҳал намоянд.

«Ҳамон ҷодугарон худ ҳоли табоҳ доранд, наметавонанд бахти касеро кушоянд. Агар метавонистанд, пеш аз ҳама худро хушбахт мекарданд», - гуфт ӯ.

Ин андеша ба яке аз усулҳои маъмули фиреби фолбинҳо ишора мекунад. Онҳо одатан худро аз дигарон донотар, соҳиби сирру асрор ва дорои робита бо қувваҳои ғайбӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо барои исботи чунин иддаоҳо ҳеҷ далели илмӣ вуҷуд надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД