Arzon march 2024
ЧАРО МАРД ЗАНАШРО ТАҲҚИР МЕКУНАД?
03.06.2021
Оила
2557

 

Аз рӯзи аввали зиндагиямон аз даҳони шавҳарам танҳо дашному таҳқир шунидаам. Ҳеҷ сабаби дағалии шавҳарамро фаҳмида наметавонам. Бо марди дағал чӣ гуна зиндагиямро давом диҳам?

Шаҳло, ш.Душанбе

Машварати равоншинос

Тамоми умр бе ҷангу ҷанҷол зистани зану мард номумкин аст, вале чӣбояд кард, вақте мард баҳудаву беҳуда занро таҳқир мекунад. Аввал сабаби чунин рафтор намудани мардро муайян созед. Инак, сабабҳои маъмултарини занро таҳқир намудани мард.

1.Аксаран баъди ба охир расидани давраи ширу шакари навхонадорон мард аз маҳдуд шудани озодияш ба даҳшат меояд. Азбаски мард зотан аз зан бадҷаҳлтар аст, ҳар дафъае, ки зан ба куҷо рафтану сабаби дер омаданашро пурсон шавад, бо дашном ҷавоб мегўяд. Мард аз занкалон шуданаш тарсида, чунин эътироз баён мекунад.

2.Мувофиқи омор никоҳи бармаҳал на ҳамеша бобарор мешавад. Аксари зану шавҳарони ҷавон баъд чанд соли зиндагӣҷудо мешаванд. Чаро чунин мешавад? Ба ақидаи равоншиносон сабаб дар омода набудани зану мард ба никоҳ аст. Дар аввал зиндагияшон хуб аст, вале баъди чанде яке аз онҳо (аксаран мардон дарк менамояд, ки хеле барвақт худро занҷирбанд намуда, аз озодӣсер нашудааст ва қаҳрашро бо пастзаниву дашном аз занаш меситонад.

3. Занҳоро бадгумон мешуморанд, вале баъзе мардҳо дар ин ҷода аз ҳад мегузаронанд. Шўхии занро намефаҳманду ҳар гапро рост пиндошта ба ғазаб меоянд. Ба ҷойи он ки рўирост буду шуди гапро аз зан пурсанд, бо таҳқиру бадгўйӣзанро ҷонбезор мекунанд.

4.Чунин ҳам мешавад, ки сабаби дағалии мард дар тарбияи ўст. Шояд чунин муносибати падарро нисбати модараш дидаасту ба ў тақлид мекунад.

Чӣ бояд кард?

Дар ҳар сурат бо мардатон гуфтугў кунед. Оромона гап занед, ба таҳқир бо таҳқир ҷавоб гуфта, оташи ғазаби мардро аланга надиҳед. Мард агар аз ғазаб нафарояд, ба суҳбат хотима гузоред. Худро эҳтиром намоед, ба мард имкон надиҳед, ки шуморо паст занад. Суҳбатро дар сурате давом диҳед, ки бо шумо инсонвор суҳбат намояд. Гапро кашол надиҳед, мард ҳар қадар зудтар гуноҳашро дарк намояд, ҳамон андоза хуб аст. Шояд шуморо рашк карда бошад, зудтар ба тахмину гумонҳояш нуқта гузоред. Зимни суҳбате, ки ҳадафаш сабабҳои чунин рафтор намудани мардро фаҳмидан аст ба чӣҷавоб доданаш диққат диҳед. Дар кадом ҳолатҳо мард бештар таҳқир мекунад, кай аз ҷониби шумо фишорро эҳсос мекунад ё бе сабаб дағалӣменамояд ва кай ҳатто ба меҳрубонии шумо бо дағалӣҷавоб медиҳад.

Акнун барои худ хулоса бароред. Вақте шумо озодии мардро маҳдуд карданӣмешавед, албатта вай худашро ҳифз мекунад. Ба ҳар кори мард бинӣнахалонед. Шумо ҳам бозоргардӣмекунед-ку!

Рафту мард бе ягон сабаб бо шумо дағалӣкунаду ба саволи «чаро бо ман чунин гап мезанӣ?», бадқаҳрона «чунки ту аблаҳ астӣ» гўяд, нигоҳ доштани оила маънӣнадорад. Вақте шавҳар дар ҳузури фарзандон шуморо таҳқир мекунад, ба умеди тарбия карданаш нашавед ва ба дилаш роҳ наҷўед. Чунин мардон ҳеҷ гоҳ ислоҳ намешаванд, рафторашон рўз ба рўз бад мешаваду беҳ не! Касе ба шумо кафолат дода наметавонад, ки ин тоифаи мардон бо дағалгуфторӣиктифо менамоянд, аз имкон дур нест, ки рўзе ин мард ба саратон мушт ҳам мебардорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД