Куштори бераҳмонаи занон ба дасти мард тӯли чанд соли охир ба як падидаи бисёр дардовар дар ҷомеаи мо мубаддал гаштааст.
Дар бадали 7-8 соли охир даҳҳо занону духтарон бо баҳонаҳои гуногун ба дасти шавҳар, ошиқ, бародар, ҳамсоя ё марди дигари ношинос ба таври бераҳмона ба қатл расонида шудаанд. Яке аз қурбониёни ҷаҳли мард Дилором Шарипова мебошад, ки дар манзили худаш ба дасти ошиқаш кушта шуд...
Манучеҳр Юлдошзода, сокини шаҳри Ваҳдат барои куштори бераҳмонаи зан ва ғорат кардани хонаи мақтул бо ҳукми суд ба мӯҳлати 10-солу 6 моҳ равонаи зиндон гардид. Юлдошзода дар куштори маъшуқааш Дилором Шарипова муттаҳам дониста шудааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, Манучеҳр Юлдошзода моҳи декабри соли 2021 бо Дилором Шарипова ном зани 50-сола ошно гашта, минбаъд бо ин зан муносибатҳои ошиқонаву маҳрамона барқарор намудааст. Манучеҳр Юлдошзода бори аввал барои ишқварзӣ ба ин зан 160 сомонӣ медиҳад ва баъди чанд вақт ӯро боз хумори пешин гирифта, ба Шарипова барои муносибатҳои маҳрамона 150 сомонӣ маблағ пешниҳод менамояд.
Пас аз ба хонаи маъшуқааш омадан байни онҳо муноқиша сар мезанад ва дар рафти ин моҷаро Дилором Манучеҳрро як шаппотӣ зуда, дашном медиҳад. Мард сахт ба ғазаб омада, даҳон ва дастони занро мебандад ва зӯран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намуда, сипас Дилоромро бо рӯймол бӯғӣ карда мекушад.
Пас аз содир намудани ин ҷинояти вазнин Манучеҳр Юлдошзода аз манзили зани ба қатл расонидааш 150 сомониро ба яғмо бурда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад, аммо гурехтан аз қонун ва адолат ба ин марди занкуш муяссар нагашта, биохира ба чанг афтид.
Бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат Манучеҳр Юлдошзода бо моддаҳои 104 (одамкушӣ) ва 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, ба 10 солу 6 моҳи маҳбас маҳкум гашт. Марди занкуш ҷазоро дар зиндони низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.