Як корманди “Амонатбонк” худро дар утоқи кориаш ба дор овехтааст. Ҷасади беҷони Ғиёсиддин Аюбзода, корманди “Амонатбонк”-ро аз утоқи кориаш, ки ба дор овезон буд, бегоҳии 5-уми октябри соли ҷорӣ пайдо карданд, -хабар додааст Ёр. ТҶ.
Ҳодисаи мазкур дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дода, сабаби худкушии корманди бонк то ҳол норавшан аст.
Марҳум Ғиёсиддин Аюбзода писари ягонаи хонавода буда, оиладор ва соҳиби се фарзанд будааст. Ба гуфти пайванднаш субҳи 4-уми октябр вақти аз хона баромадан вай ба аҳли хонавода гуфтааст, ки ба марказ меравад, вале бо ҳамин дигар барнагаштааст.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷои ҳодиса, аниқтараш аз рӯи мизи кории марҳум Ғиёсиддин Аюбзода навиштаҷотеро дар ҳаҷми тақрибан 7 саҳифа пайдо кардаанд, ки корманди ҷавони бонк қабл аз худкушӣ навиштааст. Аз ин навиштаҳо чунин бармеояд, ки корманди бонкро баҳсу моҷарои пулӣ ба худкушӣ водор намудааст. Падари марҳум дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки чанд ҳамдеҳаашон ба номи Ғиёсиддин аз бонк пули калон қарз гирифта, маблағи гирифтаашонро барнагардонидаанд.
Аз суханони падари марҳум чунин бармеояд, ки ба ҳамдеҳагонаш некӣ карданӣ шуда, ҷавон ба сари худ моҷаро харидааст ва ҳамин баҳси пулӣ билохира ӯро ба худкушӣ водор менамояд, аммо ин фарзия ҳанӯз аз ҷониби мақомот тасдиқ нашудааст.