new banner new years
Чаро кӯдакон шабона аз дарди пой шикоят мекунанд?
1554

Ҳолатҳое, ки аксар волидонро ба ташвиш меорад, ин шабона ва ногаҳонӣ бедор шудани кӯдакон ва аз дарди пойҳо шикоят кардани онҳо мебошад. Онҳо аз шиддати дард гиряи дароз карда, бетоқатӣ мекунанд. Ин ҳолат метавонад чанд шаб пай дар пай такрор шавад. Дар аксар ҳолат мо намедонем, ки ин дард аст ё ҳолати ногувор барои кӯдакон?

Дарди пой нишонаи қадкашист?

Дар миёни одамон чунин нигарониҳои кӯдакро дар рушд кардани ҷисмонии онҳо мегӯянд. Аммо сабабҳои аслии он то имрӯз дақиқ карда нашудааст. Вале яке аз сабабҳои пайдоиши чунин дардҳоро афзоиши босуръати дарозии устухонҳои узвҳои поён, ба монанди пою ангуштон меҳисобанд, ки дар натиҷаи он кашишхӯрии мушакҳо ба миён омада, чунин нороҳатиро эҳсос мекунанд. Чунин дардҳо аз синни 4 то 11-солагӣ азият медиҳанд.

Сабаби дигари дарди пойҳо дар кӯдакон аз вазнинии зиёд дар мушакҳо ва пайвандҳои ҳанӯз норасида, дар натиҷаи аз меъёр зиёд давидан, ҷаҳидан, бозиҳои гуногуни берунӣ ба вуҷуд меояд. Дарди пой бо сабаби афзоиш ёфтани ҷисми кӯдак дар синну соли гуногун пайдо мешавад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисиони тиб, яке аз эҳтимолияти ин дард норасоии витаминҳо, хусусан D, A, микроэлементҳо - оҳан, магний, фосфор ва ғайра буда метавонад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки барои муайян кардани миқдори онҳо аз таҳлилҳо гузаронидани кӯдак муҳим аст.

Одатан дард 10-20 дақиқа давом карда, кӯдак субҳгоҳон вақте аз хоб бедор мешавад, ҳатто воқеаи рӯйдодаро дар хотир надорад. Пайдо шудани дард махсусан шабона, дар давоми рӯз, вақте ки кӯдак бештар фаъол аст, шабона ҳангоми истироҳат импулсҳои дард ба системаи марказии асаб омада, дардро ба вуҷуд меоранд, ки ба хоб рафтани ӯ халал мерасонад.

Аввалин кумак ба кӯдак чист?

Дардҳои шабонае, ки кӯдакон аз он азият мекашанд, хатарнок маҳсуб наёфта, бо мурури замон бе нишона нопадид мешаванд, аммо беҳтар аст, ки кӯдакро ба духтур нишон диҳед, зеро дарди пойҳо метавонад нишонаи зарбёфтаҳо, шикастаҳо, бемориҳои буғумҳо ва ғайра бошад.

Ҳангоми хуруҷ кардани дард, ки кӯдак ҳиссиёти тарс мекунад, волидонро зарур аст, ки ӯро ором кунанд, навозиш намоянд ва агар кӯдак қобилияти хуби фаҳмиш дошта бошад, фаҳмонанд, ки чунин дардҳо ба хотири баланд шудани қад ва калон шудани ӯ пайдо мешавад. Чунин дастгириҳои маънавӣ кӯдакро аз ҳолати ноором дур мекунад.

Дар вақти дард маҳси сабук кардан муфид буда, ба ҷойҳое, ки нороҳатӣ ва дард зиёд аст, аз малҳамҳои сабуккунандаи дард истифода баред. Агар норасоии витаминҳо ва элементҳо муаяйн карда шавад, зарур аст, ки миқдори табобатии доруи мувофиқро кӯдак таҳти назорати духтур қабул кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД