Ба бемории дарунрав гирифтор шудани кӯдакон мушкилест, ки ҳамасола бо гарм шудани ҳаво аксари модаронро азият медиҳад.
Дизентерия ё дарунрав бемории сироятӣ буда, дар сурати бепарвоӣ зоҳир намудан ва сари вақт аз паси табобати кӯдаки мариз нашудан, метавонад боиси камобшавии организми кӯдак гардад ва оқибатҳои нохушро ба бор орад.
Бо мақсади пешгирии хуруҷи дарунравии кӯдакон мо атрофи сабабҳои сар задани ин беморӣ ва роҳҳои табобати он бо Сайрам Раҷабова, табиби оилавии дармонгоҳи №13-и шаҳри Душанбе суҳбат оростем ва инак маслиҳату машварати табибро манзуратон месозем.