Alif Intiqol
Чаро кӯдакон ба касалии қанд гирифтор мешаванд?
1148


“Диабети қанд”-ин беморӣ дар байни мардум бештар бо номи “Касалии қанд” машҳур буда, дар сар то сари олам одамони зиёде ба ин маризӣ мубтало ҳастанд. Шумораи гирифторони касалии қанд дар кишвари мо низ кам нест. Пештар асосан калонсолон ба ин беморӣ гирифтор мешуданд ва онро иллати пирӣ низ меҳисобиданд, аммо солҳои охир беморӣ хеле ҷавон шуда, баъзе кӯдакони навзод низ ба диабети қанд гирифтор мешаванд.
Беморӣ аз чӣ пайдо мешавад?
Диабети қанд асосан бар асари халалдор гаштани кори ғадуди зери меъда ва вайроншавии мубодилаи моддаҳо, махсусан углевод, чарбӯ ва сафедаҳо дар организм сар мезанад. Ин беморӣ хислати ирсӣ низ дорад, агар падару модар ё бибию бобо ба диабети қанд гирифтор бошанд, хатари ба ин беморӣ гирифор шудани насли онҳо меафзояд.
Намудҳои касалии қанд
Касалии қанд ду намуд дорад: Диабети навъи 1 ва диабети навъи 2.
Диабети навъи 1 бештар дар кӯдакон ва наврасон ба назар мерасад. Шахсоне, ки ба ин намуди диабети қанд гирифторанд, ғадуди зери меъдаашон аслан инсулин ҳосил намекунад. Аз ҳамин хотир табибон ба гирифторони диабети навъи 1 ҳамеша инсулин гирифтанро тавсия медиҳанд. Онро ҳар рӯз 2-4 бор бо воситаи сӯзандорӯ ба зери пӯст мегузаронанд.
Диабети навъи 2 дар калонсолон бештар мушоҳида мешавад. Ҷисми ин тоифа инсулин ҳосил мекунад, вале миқдораш кам буда, талаботи организмро қонеъ гардонида наметавонад, бинобар ин, табибон ба онҳо парҳез ва дорӯю давоҳои махсусеро тавсия менамоянд, ки инсулинро дар сатҳи муайян нигоҳ дошта, монеъи зиёд шудани глюкоза дар таркиби хун мегарданд.
Нишонаҳои беморӣ
Касалии қанд асосан бо гипергликемия, яъне баланд шудани сатҳи глюкоза дар хун аз худ дарак медиҳад. Дар натиҷа бемор зуд-зуд ташна монда, талаботаш ба нӯшидани об пайваста меафзояд.
Кӯдак бисёр об нӯшида, тез-тез пешоб мекарда бошад, ҳатман ӯро ба духтур бурда, барои фаҳмидани сатҳи глюкоза дар хун ва ба диабети қанд гирифтор будан ё набуданаш тамоми ташхисҳои заруриро гузаронидан лозим аст.
Умумият ва фарқиятҳои диабети 1 ва 2
Тавре ки болотар ишора кардем, тамоми кӯдаконе, ки ба диабети қанд гирифтор ҳастанд, зуд-зуд ташна монда, оби бисёр менӯшанд, вале диабети навъи 1 аз диабети навъи 2 бо баъзе нишонаҳояш фарқ мекунад.
Нишонаҳои диабети навъи 1
Кӯдаконе, ки ба диабети навъи 1 гирифторанд, бар замми бисёр об нӯшида, тез-тез пешоб карданашон камқувват ва беҳолу бемадор мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо дили кӯдак тез-тез беҳузур шуда, қайъ мекунад. Бача якбора вазнашро партофта, бисёр лоғар мешавад. Кӯдак баъзан аз ҳуш меравад. Дар сурати бепарвоии волидон ва сари вақт табобат нагирифтан сатҳи глюкоза дар хун метавонад ниҳоят баланд шуда, кӯдак ба кома афтад.
Нишонаҳои диабети навъи 2
Гирифторони диабети навъи 2 низ ба нӯшидани об талаботи зиёд доранд ва зуд-зуд пешоб мекунанд, аммо баръакси гирифторони диабети навъи 1 фарбеҳ мешаванд. Баъзан кӯдак аз паст шудани биноияш шикоят мекунад. Дар рӯйи кӯдак тез-тез нарак ва пучак мебарояд.
Умумияти нишонаҳои диабети навъи 1 ва 2 бар замми оби зиёд нӯшидан ва тез-тез пешоб кардан, ин инурези шабона мебошад. Кӯдаке, ки пештар мустақилона ба ҳоҷатхона мерафт, баъди ба диабет гирифтор шудан пешобашро дошта натавониста, шабҳо бистари хобашро тар мекунад. Духтарчаҳое, ки ба диабети қанд гирифтор шудаанд, ба хоришаки узви ҷинсӣ гирифтор шуда, мисли занҳои калонсол аз маҳбалашон таровиши (виделение) бадбӯй хориҷ шуда метавонад.
Ба парҳез риоя намоед!
Шарти аз ҳама муҳими табобати касалии қанд ин риоя намудан ба парҳез ва канда накардани реҷаи табобат мебошад. Кӯдаконе, ки ба диабети қанд гирифторанд, бояд аз хӯрдани шириниҳои гуногун ва хӯрокҳои хамирӣ парҳез намоянд.
Хӯрдани шир ва маҳсулоти ширӣ аз қабили дӯғ, чакка, чурғот, гӯшт, махсусан гӯшти моҳӣ ва гӯшти парранда, тухм (як дона дар як рӯз) картошка ва меваю сабзавоти тару тозае, ки дар таркибашон глюкоза зиёд нест, ба ин тоифаи кӯдакон фоида дорад.

диабети қанд 2

Шириниҳо аз фруктоза

Албатта манъ кардани хӯрдани ширинӣ ба кӯдакон хеле душвор аст, зеро бачаҳо табиатан шириниро зиёд дӯст медоранд. Аз ҳамин хотир барои кӯдакони ба диабети қанд гирифтор шириниҳои махсусро истеҳсол менамоянд, ки ба ҷойи глюкоза дар таркибашон фруктоза доранд. Шумо метавонед чунин шириниҳои парҳезиро аз мағозаҳои махсус ва супермаркетҳо барои фарзанди бемори худ бидуни душворӣ дастрас намоед.

Эҳтиёт-ними ҳаёт


Касалии қанд махсусан дар кӯдакону наврасон хатарнок буда, оқибатҳои ногуворро ба бор оварда метавонад, бинобар ин, волидонро лозим аст, ки ба саломатии фарзандони худ диққати хоса диҳанд. Фаромӯш накунед, ки давомнокии умри кӯдакони ба диабети қанд гирифтор ба он вобастагӣ дорад, ки миқдори глюкоза дар хун то кадом андоза баланд мешавад.
Тез-тез баланд шудани глюкоза дар таркиби хун ба саломатии атфол бе таъсир намонда, аз ҳад баланд шудани қанд метавонад боиси сар задани ҳолатҳои вазнин ва ҳатто ба кома афтодани кӯдак гардад.
Аз ҳамин хотир аз тамоми падару модароне, ки фарзанди ба диабети қанд гирифтор доранд, хоҳиш мекунем, ки ҷигарбанди худро доим назорат карда истанд ва дорӯю давоҳои фармудаи табибони эндокренологро сари вақт гирифта, назорат намоянд, ки кӯдак аз ғизоҳои зарарнок парҳез намояд.
Беҳуда “эҳтиёт ними ҳаёт нагуфтаанд”, агар эҳтиёт намоед, худо хоҳад, бо бемории қанд низ фарзанди шумо умри дарози бобаракат хоҳад дид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД