Formula novemver 2024
Чаро кӯдакон аз дурбинӣ ё миопия азият мекашанд?
1385


Миопия ё мушкилоти дурбинӣ дар кӯдакон аз ҷумлаи норасоиҳое, маҳсуб меёбад, ки рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст.

Кӯдакони ба ин иллат гирифтор дар дидани объектҳои дур душворӣ мекашанд ва ин беморӣ дар омӯзиш, беҳтар кардани сифати зиндагӣ, интихоби касб барои насли наврас таъсири ногувори худро мерасонад.

                       Сабабҳои дурбинӣ
Мутахассиони соҳа ба вуҷуд омадани ин ҳолатро дар кӯдакон ба чанд омил нисбат медиҳанд.

                                   Генетикӣ
Агар яке аз волидайн аз дурбинӣ ё миопия азият мекашида бошад, хатари инкишофи он дар кӯдак якчанд маротиба меафзояд. Ин раванд хоси миопияи модарзодӣ буда, аз соли аввали ҳаёт зоҳир мешавад.

         Фишори аз ҳад зиёди мушакҳои чашм
Ин ҳолат бештар дар натиҷаи тамошои тӯлонии телевизор, компютер ва мутолиаи китоб дар равшании паст ба вуҷуд меояд.

                  Ислоҳи нодурусти биниш
Гап сари интихоби айнакҳо, бе тавсияи мутахассис меравад, ки боиси вайроншавии биноии кӯдак гашта метавонад.

                   Нишонаҳои миопия
Ҳар як падару модар метавонад то андозае миопатияро аз рӯи ин аломатҳо дар фарзанди худ мушоҳида кунад:

-кӯдак дар вақти тамошои телевизор зуд-зуд чашмак мезанад
-чашмонашро ҳангоми назорат кардани чизе нимпӯш мекунад
-дар вақти тамошои телевизор наздиктар менишинад
-ҳангоми китобхонӣ онро ба чашмаш наздик меорад
-аз дарди сар шикоят мекунад
- хасташавии зиёдро эҳсос мекунад

            Ба кадом духтур бояд муроҷиат кард?
Барои аниқ кардани он ки фарзанди шумо миопия дорад ё не, ҳатман ба табиби офталмолог муроҷиат кардан лозим аст. Духтур ташхис ва муоинаҳои заруриро гузаронида, баъд тарзи табобатро мефаҳмонад.

Барои бартараф кардани ин ҳолат пеш аз ҳама реҷаи дурусти зиндагӣ ва истироҳати чашмонро ба роҳ мондан лозим аст. Гимнастикаи махсус барои мушшакҳо, витаминҳо, бозӣ дар ҳавои тоза аз зумраи амалҳое мебошанд, ки барои халосӣ аз ин иллат ёрӣ мерасонанд.

Табобат бо маводҳои доруворӣ, истифодаи айнаки мувофиқ ба дараҷаи биноии чашм, усулҳои физиотерапевтӣ низ тавсия дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД