arzon november
ЧАРО КӮДАКОН АСАБӢ МЕШАВАНД?
377

 

Дар ҷомеаи имрӯза кӯдак ё навраси орому ботамкинро вохӯрдан қариб, ки ғайриимкон шудааст. Бештари кӯдакон асабӣ, инҷик, гапнодаро ва бадхашму зудранҷанд.

Ягон воқеа бидуни сабаб рух намедиҳад ва ба ин ҳол гирифтор шудани кӯдакону наврасон ҳам сабабе дорад. Ба хотири кӯмак расонидан ба модарони азизе, ки хонандаи ҳафтаномаи «Оила» ҳастанду фарзандони асабӣ доранд, мо бо профессори ДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, Абдуманон Саидов суҳбат намудем. Умедворем, андешаҳои устод бетаъсир нахоҳад буд!

-Қаблан аз шумо барои вақт ҷудо кардану бо мо ҳамсуҳбат шудан изҳори сипос мекунем. Хуш омадед!

-Ташаккур, хуш бошед. Ҳар амал ва ҳар суҳбате, ки барои манфиати ҷомеа ва солимии оила бошад, мо ҳамеша вақт хоҳем ёфт.

-Саломат бошед устод, нахуст мегуфтед, ки сабаби асосии афзоиш ёфтани теъдоди кӯдакони асабӣ дар чӣ аст?

-Падидаи асабонӣ шудан дар олами муосир як чизи маъмулӣ аст, вале агар ба ақидаи физиологҳо назар кунем, кӯдак бояд ба ин ҳолат гирифтор набошад. Чунки организми вай дар ҳоли рушд аст, тафаккури ҷаҳонбиниаш ҳанӯз афзоиш накардааст ва ба масъалаҳои зиндагӣ, ки миёни калонсолон ба вуҷуд меояд, ворид нашудааст. Лекин мутаассифона, ба қавли табибон дар замони ҳозира кӯдаконе, ки нишонаи асабоният доранд, хеле зиёд шудаанд. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, муайян бояд кард, ки омилҳои асабонишавии худи одам дар чӣ аст? Омилҳо гуногунанд. Аз ҳама пеш, чуноне генетикҳо мегӯянд, ин як падидаи ирсӣ аст. Кӯдак метавонад аз модар ҳамин хел таваллуд шавад, вале мувофиқи маълумотҳо чунин кӯдакон шумораи хеле камро ташкил медиҳанд.

-Пас, чӣ боис мешавад, ки хашму ғазаб ва асабоният аз синни хеле хурдсолӣ фарзандонро азият медиҳад?

-Ин ба худи кӯдакон алоқаманд нест, ба волидони ӯ вобаста аст. Тавре табибони оилавӣ мегӯянд, ҳангоми ҳомиладорӣ зан бояд ором бошад. Ба масъалаҳои мушкилу монеаҳое, ки дар зиндагӣ аст, ӯ бояд аҳамият надиҳад ва барои бартараф намудани онҳо, кам истифода шавад. Дар муносибати байни худи зану шавҳар ҳам бояд оромӣ, фазои якдигарфаҳмӣ ва меҳрубони ҷой дошта бошад, то ин ки ба кӯдак таъсири хуб расонад ва боиси ором таваллуд шудану ором ба камол расидани ӯ гардад.

-Мутаассифона, имрӯз чунин оилаҳое, ки бо якдигарфаҳмию муносибати хуб намунаи ибрат бошанд, ангуштшуморанд. Дар вайрон шудани муносибати дурусти хонаводагӣ чӣ ва ё киро метавон гунаҳкор кард?

-Вазнин ва мушкил будани сатҳи зиндагӣ. Масъалаҳои иқтисодӣ ва модӣ дар аксари оилаҳои мо вуҷуд дорад. Барои дарёфт кардани хӯрокворӣ, барои дарёфт кардани либос, манзил, хеле азият мекашанд. Сарсону саргардонанд, то ки зиндагиро пеш ва оиларо бо арзишҳои моддии зарурӣ таъмин намоянд. Ҳамаи ин ба кӯдак таъсир мерасонад. Тарафи дигари масъала он аст, ки кӯдакону наврасони ҳозира бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ меоранд. Ба клипҳову филмҳои хусусияти зӯроваридошта аҳамият медиҳанд. Зарбаи ҳамаи ин нахуст ба психикаву мафкураи наврас мерасад ва асабониятро ба вуҷуд меорад. Агар аҳамият диҳед, бисёре аз кӯдакон ҳамон ибораҳои дағале, ки дар интернет мебинанду мешунаванд, бо ҳамон ба падару модар муроҷиат мекунанд…

-Яъне, метавон гуфт, ки сабабгори асосии ба асабоният гирифтор шудани кӯдакону наврасон заифӣ ё камандешагӣ дар оила аст?

-Албатта. Каманд шумораҳои оилаҳое, ки дар бораи илм ва фарҳангу маърифат суҳбат кунанд. Дар бештари оилаҳо сухан дар бораи бартараф намудани норасоиҳои моддӣ меравад, ки ин албатта ба мафкураи кӯдак таъсир мерасонад. Вай аз забони падару модар мефаҳмад, ки зиндагӣ чӣ хел мушкил аст. Чӣ қадар азоб дорад. Ин аз хурдӣ асаби кӯдакро хароб мекунад. Кӯдак ба фикр меравад, ки агар падару модари ман дар ҳалли ин камбудӣ азият мекашанд, пас фардо ман ҳам азоб хоҳам кашид. Мутаассифона, оилаҳое, ки тамоми шароит барои кӯдакон муҳайё бошад, хеле каманд ва ҳамин норасоӣ сабаби зиёд шудани теъдоди кӯдакони асабӣ гаштааст.

-Кӯдакону наврасонеро, ки ба асабоният гирифтор шудаанд, чӣ гуна метавон муолиҷа кард?

-Фақат дар якҷоягӣ бо равоншиносон, дар якҷоягӣ бо фаъолияти пурмаҳсули табибон метавон, ки сатҳи онро паст кунем, лекин пурра бартараф кардан номумкин аст.

Хонандагони азиз! Омили асосии ба асабоният гирифтор шудани кӯдакону наврасон, муносибати нодурусти хонаводагӣ, олуда кардани зани ҳомила ба мушкилоти моддию маънавӣ ва холӣ кардани хашму ғазаб дар оила аст. Мутаассифона, бартараф намудани асабоният кори мушкил ва ҳатто номумкин аст. Аз ин рӯ, агар мақоли мардумии «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ»ро сармашқи кор намуда, бо муомилаву муносибати дурусту ҳамида зиндагиро ба роҳ монем, фарзандони солиму солеҳ насибамон хоҳад шуд. Ба шумо рӯзгори осудаву зиндагии оромонаро орзу мекунем!

                                                                                        

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД