Кӯдакам шабона дандонҳояшро мехояд, мегӯянд, ки кирм дорад. Оё ин андеша дуруст аст?
Мутриба, н. Вахш
Маслиҳати мутахассис
Минҳоҷиддин Одинаев-духтури муфтхӯршиноси (паразитолог) Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар бемориҳои тропикӣ ба ин савол чунин посух гуфт:
Кирмҳо як давраи муайяни зиндагӣ доранд. Вақте ки мефавтанд, аз худ заҳроба (токсин) хориҷ мекунанд. Ин заҳроба дар организм паҳн шуда, ба системаи асаб таъсир мерасонад ва дар натиҷа нишонаҳои дар боло қайдшуда пайдо мешаванд. Дандонхойии кӯдак ба ноором ё бемор будани системаи асабаш низ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ шуморо лозим аст, ки ҳарчи зудтар ба мутахассис муроҷиат карда, муолиҷаро оғоз намоед.