Arzon march 2024
ЧАРО ИНТИҚОЛИ ҶАСАДИ ПАДАРУ ДУХТАР БА ТАЪХИР АФТОД?
14167

Куштори ваҳшиёнаи як зани тоҷик аз ҷониби шавҳараш дар Русия ҳафтаи гузашта дар сархати аксари расонаҳои хабарӣ қарор дошт. Ҳодисаи даҳшатбор рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ба вуқуъ пайваста, як марди тоҷик бераҳмона сари ҳамсари ҳомилаашро аз тан ҷудо намуд.

Гуноҳи зан он будааст, ки хостааст бо фарзандонаш ба хонаи падараш равад. Ин хоҳиши зан шавҳари бераҳмашро сахт ба ғазаб меорад ва ӯ нахуст ба синаи ҳамсараш ду корд зада, баъдан сари зани ҳомиларо аз танаш ҷудо мекунад. Пас аз ин амали ваҳшиёна вай ба назди падарарӯсаш рафта, ӯро низ бераҳмона ба қатл мерасонад. Гумонбар аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ дастгир шуда, қарор буд рӯзи шанбе ҷасадҳои падару духтар ба Тоҷикисон интиқол дода шаванд, аммо овардани тобути ин ду қурбонӣ ба таъхир афтод.

Зайниддин Иброҳимов, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Перм изҳор дошт, ки Шӯъбаи тафтишот ба интиқоли ҷасадҳо иҷозат надод, зеро нахуст бояд сари бурида пайваст шавад. Барои ин кор вақт лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД