Дар китобе хондам, ки дар замони Паёмбар хӯрдани гӯшти хар ҳалол будааст. Чаро баъдан он ҳаром шуд?
Фатҳулло, н. Ёвон.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Тавре ки аз китобҳои динӣ бармеояд, то ҷанги Хайбар хӯрдани гӯшти хар ҳалол буд. Ҳазрати Пайғамбар (с) харро баъди ҷанги Хайбар ба тариқи илҳоми Худовандӣ ҳаром гардонд. Дар бораи ҳаром будани гӯшти асп ваҳӣ ворид нашудааст.
Аз он ки асп асбоби ҷангӣ маҳсуб меёфт, ҳазрати Имоми Аъзам иҷозат намедоданд, ки гӯшти аспро истеъмол кунанд, вале се рӯз пеш аз маргашон гуфтанд, ки гӯшти аспро дуруст гуфтанду вале макруҳ гуфтанд. Вақте пурсиданд, чаро макруҳ аст, посух гуфтанд, ки он вақт силоҳи ҷангӣ асп буд, агар чунин таҳдид накунанд, аспҳо шумораашон кам мешавад.