Formula novemver 2024
Чаро гази моеъ қиммат шуд?
317

Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар сабаби камчинии гази моеъро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва болоравии арзиши онро шарҳ дод.

Ба иттилои ин ниҳод, давоми моҳҳои май-июни соли 2024 маҳдудияти интиқоли гази моеъ аз давлатҳои содироткунанда ҷорӣ нагардида, то имрӯз ба кишвар 195,4 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, зеро бо назардошти зиёд шудани автомобилҳои барқӣ талабот ба гази моеъ тамоюли камшавӣ дорад.

“Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳаҷми воридот барои таъмини бозори дохилӣ басанда буда, камчинии он дар анборҳои воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дида намешавад. Аммо, бо мақсади риояи талаботи бехатарӣ дар мавсими гармӣ, тибқи “Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ” дар давраи тобистон ҳангоми баланд шудани ҳарорат, фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, зарурати ба роҳ мондани баъзе мащдудиятҳо ба миён меояд”,- шарҳ дод Вазорат.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамаи кишварҳои содиркунандаи гази моеъ риояи талабот ва маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд. Инчунин, дар ин давра корхонаҳои истеҳсолкунанда корҳои таъмиру барқарорсозӣ анҷом медиҳанд, ки метавонад боиси кам шудани воридоти гази моеъ дар мавсими муайян гардад.

Ин ниҳод аз сокинон хост, ки то муътадил шудани вазъи ҳаво ба нигаронӣ дода нашаванд, зеро масъалаи тағйири нархҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад.

Ҳафтаи гузашта дар такя ба манобеи худ хабар дода будем, ки дар кишвар норасоии шадиди гази моеъ ва болоравии нархи он мушоҳида мешавад ва агар дар оғози ҳафтаи гузашта як литри он 5 сомонию 80 дирам ва дар ҳамаи нуқтаҳои сӯзишворӣ фурӯхта мешуд, ҳоло ба 7 сомонӣ расида, на дар ҳамаи ҷой мавҷуд аст.

Таҳлилгарон сабабро болоравии нархи газ дар Қазоқистон медонанд. Мақомоти ин кишвар гуфтааст, ки нархи фурӯши он нисбат ба арзиши истеҳсолиаш пасттар аст ва зарурати боло бурдани нарх пеш омад. Ҳолати мазкур айни ҳол дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва пойтахти кишвар мушоҳида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД