Бо занони бероҳа ҳамроҳ шуд, «дӯстон»-е пайдо кард, ки ба чӣ кор машғул будани онҳоро ҳеҷ кас намедонист, аммо зиндагии шоҳона доштанд.
Ҳанифа ба сафарҳои дур мерафтагӣ шуд. Ба тиҷорате машғул буд, ки чӣ харидану чӣ фурӯхтанашро ҳеҷ кас намедонист.
Шавҳараш мехост онҳо кӯдакдор шаванд, вале Ҳанифа қатъиян рад карда гуфт, ки «Ман аз қишлоқӣ фарзанд зоиданӣ нестам».
«Дӯстон»-аш рӯзе ба ӯ супориши навбатиро дода, ба давлати ҳамсоя гуселаш карданд. Бори каҷ ба манзил намерасад, – мегӯянд. Сафари навбатӣ барои Ҳанифа бебарор гардид, ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карданд.
Ба пурсишҳои муфаттиш:
–Ту зан, модар ҳастӣ, наход дилат ба он ҷавононе, ки ту бо бори овардаат ҳаёташонро месӯзӣ, як умр ғуломи героин ва дигар маводди мадҳушкунанда мегарданд, насӯзад, охир ту модарӣ! «Ман модар нестам!» ҷавоб дода буд.
Ҳанифаро ҳабс карданд. Аз байн шаш сол гузашт ва инак, ду моҳ мешавад, ки ӯ бо дигар модари тоҷик дар як ҳуҷраи маҳбас афтодаанд ва барои чӣ бошад, ки аввалин маротиба ӯ аз ҳаёташ, Ватанаш ва фарзандаш ёдовар шуд. Шояд оҳу нола ва гиряҳои Фирӯза ӯро ба фикр водошта бошад?
Вақте Фирӯза нақли Ҳанифаро шунид, аз ӯ пурсид:
–Он рафиқон, ки туро бо мавод таъмин мекарданд, озодат накарданд?
Ҳанифа оҳи гароне кашида, хомӯш монд.
Берун аз тирезаи оҳанини панҷара шир-шир ва чак-чаки борон ҳарчи баландтару баландтар садо медод.
Фирӯза бори дигар ба мактуби дасташ бо меҳр нигоҳ карда, ба Ҳанифа рӯ овард:
–Апаҷон, ба писаратон нома нависед, сабук мешавед. Ана ман ба фарзандонам нома навишта бахшиш пурсидам, бовар дорам, ки онҳо дили маро мефаҳманд ва мебахшандам, чунки ман ба хотири онҳо ба ин пастиҳо рӯ овардам.
Ҳанифа баъди сукути тӯлонӣ ба Фирӯза рӯ оварда пурсид:
–Чанд фарзанд дорӣ ва сабаб чист, ки ба хотири фарзандон ту ба ҳабсхона афтодӣ?
Фирӯза, ки ду моҳ мунтазири ин суол буд, ба нақли ҳаёташ оғоз кард.
Фирӯзаро, ки аз падару модар дар кӯдакӣ ятим монда буд, холааш калон кард. Баъди хатми мактаб ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи тиббӣ супорида донишҷӯ шуд. Дар давоми хондан ӯ азоб кашид, аммо кӯшиш кард, ки маълумот гирифта, соҳибкасб шавад.
Тақдир ӯро бо Умар, ки ӯ ҳам мисли Фирӯза ятим калон шуда, донишҷӯи Донишгоҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ буд, рӯ ба рӯ кард. Онҳо якдигарро дӯст дошта хонадор шуданд ва оилаи хубе бунёд намуданд. Фирӯза бо сабаби фарзанддор шудан дигар хонданашро давом дода натавонист. Хост таҳсилро ғоибона давом диҳад, аммо Омӯзишгоҳи тиббӣ шуъбаи ғоибона надошт ва ӯ хонданро қатъ кард.
Фирӯза ва Умар соҳиби чор фарзанд шуданд, аз бахти худ шод буданд, гарчанде зиндагии хоксоронае доштанд ва иҷора менишастанд. Барои хушбахт шудани онҳо фақат як чиз намерасид: хона. Умед доштанд, ки рӯзе навбати Умар мерасаду аз ҷои кор ба ӯ хона медиҳанд. Вале вазъи сиёсӣ дар кишвар номуътадил гардида, ҷанги бародаркуш сар шуд.
Умар барои осоиш ва амонии Тоҷикистони азиз байни майдонҳои «Озодӣ» ва «Шаҳидон», ки дар ҳарду тараф ҳамсабақон, рафиқон ва дӯстонаш буданд, равуо намуда, онҳоро ба сулҳу салоҳ даъват мекард.
Рӯзе бегоҳӣ аз хонаи бечораҳолонаи Фирӯза доду вой баланд шуд. Тири нохалафе риштаи умри Умарро канда буд, чор фарзанди хурдакак ва Фирӯзаи гирён дар хонаи иҷора лолу ҳайрон монда буданд. Саргардониҳои Фирӯза оғоз шуд. Маросими чили шавҳарро надода, соҳибхона «Агар пули иҷораро надиҳӣ, хонаро холӣ кун!» гуфта, оромаш намегузошт.
Фирӯза намедонист ба кӣ муроҷиат кунад, ягона хеш–холааш фавтида буд. Аз хешовандони шавҳараш ҳам ягон шахси наздик набуд. Ба сад идора рафта, ҷои кор мекофт, аммо бенатиҷа. Шабҳо то саҳар мижа таҳ накарда, субҳро бо ҳоли парешон пешвоз мегирифт. Гиряҳояшро аз фарзандон пинҳон медошт. Ӯ дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону зор монда буд… Намедонист сарашро ба кадом дар занад.
Рӯзе пагоҳӣ роҳи бозорро пеш гирифта, мехост дар он ҷо ақаллан коре ёбад, ки якрӯза нони кӯдаконро ёфта, ба хона орад. Тасодуфан бо зане вохӯрд. Зан аз вазъияти бади Фирӯза огоҳ шуда, ба ӯ кори осон ваъда кард. Фирӯзаро ба сафари роҳи дур тайёр карданд ва ваъда доданд, ки баъди баргаштан дусад доллари амрикоӣ мегирад. Фирӯза розӣ шуд. Дар фурудгоҳи шаҳри Маскав ӯро, ки дар меъдааш героин дошт, кормандони хифзи ҳуқуқ дастгир карданд. Дар мулки бегона Фирӯза чӣ азобу таҳқире надид! Фарзандони бепадару модараш баъди саргардониҳои зиёд ба ятимхона афтода, дар он ҷо як бурда нони сериро диданд. Ин аст тақдири талхи модари роҳгуми сарсахт.
Фирӯза бори дигар ба номаи навиштааш назар карда, онро ба синааш зер кард, тасаввур намуд, ки фарзандонашро ба сина зер карда истода бошад. Бори дигар ба Ҳанифа рӯ оварда:
–Апаҷон, ба наздикон нома нависед, дилатон холӣ мешавад. Охир, шумо ҳам писаре доштаед яккаву ягона.
–Фирӯзаҷон, писари ман маро мебахшида бошад, мефаҳмида бошад, охир ман як рӯз ҳам ба ӯ сина надодаам, боре ҳам аз дасташ гирифта, ба тамошо набурдаам. Чизе карда бошад, падарандар кардааст,–гуфт Ҳанифа ва бори аввал дар шаш соли маҳбусӣ ба писараш нома навишт.
Соатҳо, рӯзҳо, ҳафтаҳо гузаштанд ва ба ҳарду модар ҷавоби номаҳояшон омад. Фирӯза номаи аз писараш омадаро хонда, механдиду мегирист. Ӯ шод буд, чунки дар номаи писараш Ҷаҳонгир фарзандаш расми панҷаҳояшонро бо умеде кашида буданд, гӯё бо модар салом мекарда бошанд.
Аммо Ҳанифа ҷуръат намекард, ки номаи дар дасташ бударо кушояд.
–Апаҷон, кушода бихонед. Бифаҳем, ки писаратон чиҳо навиштааст, бихонед номаи фарзандони маро,–гуфта онро ба Ҳанифа дод.
–Ман баъдтар мехонам,–гуфт Ҳанифа.
Дар муддати ду моҳи дар маҳбас буданаш ӯ аввалин маротиба ба хоби ширин рафт.
Фирӯза пагоҳӣ қаноатманд аз хоб бархост. Вале ҷасади Ҳанифаро дида, ба даҳшат афтод. Доду фиғон бардошта, атрофиёнро ба ёрӣ даъват кард. Нозирон ва духтури маҳбас омада, Ҳанифаро бурданд. Аз дасти ӯ қоғази ғиҷимшудае афтид, ки мактуби писараш буд. Фирӯза номаро гирифта хост бихонад, аммо нозирон ба ӯ иҷозат надоданд. Фирӯза нафаҳмид, ки чӣ сабаби марги Ҳанифа шуда буд:-аҷал, шодӣ ё ҳузн? Фарзандаш ба ӯ чӣ навишта? Модарашро бахшида буд ё на?..