Arzon march 2024
Чаро дастаи “Ал-ҳилол” Мессиро хариданист?
643



Бино ба иттилои нашрияҳои Италия, дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ситораи футбол Месси дар мавриди шартномаи ҳамкорӣ пешниҳод ирсол намуда, таъкид кардааст, ки омода аст ба Месси аз маоши Роналду зиёдтар маблағ ҷудо намояд.

Тарафҳо аллакай созиш кардаанд ва агар Лео шартномаашро бо «ПСЖ» дароз накунад, тобистон агенти озод мешавад.
Бояд гуфт, ки дар Арабистони Саудӣ «Ал-Ҳилол» рақиби асосии «Ал-Наср» аст ва баъди пазируфтани пешниҳод Месси дар муқобили Роналду бозӣ мекунад, зеро шурӯъ аз 1-уми январи соли 2023 Криштиану Роналду расман бозигари дастаи «Ал-Наср» шуд.

Ин футболбози португалии 37-сола дар Арабистон имкон дорад дар 2 мавсим якбора 500 миллион евро кор кунад. Роналду то гузариш ба ин тими арабӣ мунтазири пешниҳоди дастаҳои беҳтарини Аврупо буд, аммо онҳо ба ӯ таваҷҷӯҳ накарданд ва футболбози машҳур пешниҳоди «Ал-Наср»-ро пазируфта, дирӯз ба Арабистони Саудӣ омад ва расман муаррифӣ шуд.

Варзишгар қабл аз оғози Чемпионати Ҷаҳонии футбол бо розигии ҷонибҳо шартномаашро бо дастаи “Манчестер Юнайтед” бекор карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД