Дар тамоми олам мусалмонон кӯшиш мекунанд, ки аз намози ҷумъа дер намонанд. Мехостам донам, ки чаро дар намози ҷумъа ду бор азонм егӯянд ва ин намоз чӣ фазилатҳо дорад?
Нуриддин, аз Бохтар.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Намози ҷумъа яке аз намозҳои фариза аст, ки дар рўзи ҷумъа ба ҷои намози пешин баргузор карда мешавад. Намози ҷумъа ба ҳар касе, ки дорои шароити зерин бошад, фарзи айн аст: Болиғ, мард, озод, тандуруст, бино ва муқими шаҳр бошад.
Намози ҷумъа барои ноболиғ, зан, ғулом, мариз, нобино ва мусофир фарз нест, вале бо вуҷуди ин, агар афроди мазкур ҳозир шаванд ва якҷоя бо мардум намози ҷумъаро адо намояд, ин намозашон ба ҷойи фарзи пешин ҷойгузин хоҳад шуд.
Рўзи ҷумъа ду бор азон гуфта мешавад. Бо азони аввал мардум хариду фурўш ва дигар корҳои дунявии хешро раҳо сохта, сўйи масҷид мешитобанд.
Қабл аз хутба чаҳор ракъат суннат гузорида мешавад, сипас имом болои минбар баромада, рў ба ҷамоат қарор мегирад ва азони дувум гуфта мешавад. Баъд аз он имом ду хутба мехонад ва дар миёни он андаке менишинанд. Вақте ки имом хутбаи дувумро ба поён расонд, ду ракъат намози ҷумъаро бо мардум адо мекунад. Пас аз адои фарзи ҷумъа чаҳор ракъат суннати дигар гузорида мешавад. Дар охир имом бо мардум якҷоя дуо мекунанд.
Барои огоҳии бештар аз аҳкоми намози ҷумъа шумо метавонед китобҳои фиқҳиеро, ки бо хатти кириллӣ нашр шудаанд, мутолиа намоед.