1xbet
Чаро чашми кӯдак каҷ мешавад?
08.09.2025
Oila.tj
94

Мушкилоти чашм натанҳо ба рафти таҳсил дар мактаб халал мерасонад, балки ба муоширати кӯдак бо ҳамсолонаш низ таъсири манфӣ расонида, боиси хиҷолат кашидан, паст шудани ҳисси худбаҳодиҳӣ, асабоният ва фишори руҳӣ мегардад. Дар натиҷа асабонияти зиёд ва фишори пайвастаи рӯҳӣ метавонад кӯдаконро ба бемории фишорбаландии косахонаи сар гирифтор созад, ки дар баъзе ҳолатҳо боиси каҷшавии чашм мегардад.

Духтурон аз клиникаи Майои Амрико мегӯянд, дар кӯдакони гирифтори страбизм (олусӣ ё каҷшавии чашм) бештар бемории гиперактивии норасоии диққат (ADHD) ташхис карда мешаванд.

Чӣ бояд кард?

Барои он ки биноии фарзанди шумо бармаҳал кам шуда, чашмонаш хира, каҷ ва ба иллатҳои дигари чашм гирифтор нашаванд, ба қоидаҳои зерин риоя намудан лозим аст:

1. Дар хона барои дарстайёркунии фарзандонатон шароитҳои беҳтаринро фароҳам биёред ва мизи мактаббачаро дар ҷое, ки равшаниаш хуб аст, гузоред.

2. Пайваста назорат баред, ки кӯдакон вақти зиёди худро дар назди компютер нагузаронанд ва мӯҳлати тӯлонӣ бо телефон ва гаҷет бозӣ накунанд.

3. Ба ғизои фарзандонатон диққати ҷиддӣ диҳед, организми кӯдак бояд тамоми витамину минераҳои барои биноӣ заруриро ҳар рӯз ба қадри кофӣ бигирад. Барои ин ба кӯдакон бештар меваю сабзавоти тару тоза, гӯшт, махсусан гӯшти парранда, моҳӣ, панир ва ширу маҳсулоти ширӣ додан лозим аст.  

4. Ба фарзандонатон машқҳои махсуси чашмро ёд диҳед, ки фишорро ба ин узви бениҳоят муҳмим кам карда, боиси равшаншавии нури чашм мегарданд.

5. Фарзанди шумо ягон мушкили биноӣ надошта бошед ҳам, дар хотир дошта бошед, ки барои пешгирии иллатҳои чашм ҳар сол ақаллан ду маротиба кӯдакон ва наврасонро аз назорати духтури чашм-окулист гузаронидан лозим аст, зеро чашм яке аз узвҳои муҳимтарини инсон буда, бидуни он дунёи равшанро дидан ва ба хостаҳои худ расидан хеле душвор ва ҳатто ғайри имкон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД